Матвиенко ба баромади Манижа дахолат кард, Кремл бошад,инро намехоҳад

Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков дар бораи иштироки сарояндаи тоҷик Манижа, ки дар озмуни Евровидение — 2021 Русияро намояндагӣ мекунад, изҳори назар кард.
Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, Евровидение озмуни шоу-бизнес аст, ки дар он номзадҳои гуногун пешниҳод карда мешаванд.

Песков гуфт, ки Манижаро тамошобинон бо истифодаи овоздиҳии онлайн дар доираи овоздиҳиӣ миллии Евровидение- 2021 интихоб кардаанд.

«Мо дахолат кардан ва шарҳ доданро зарур намешуморем», — гуфт дар хотима ӯ.
Озмуни Евровидение — 2021 рӯзҳои 18-22 май дар Роттердами Ҳолланд баргузор мешавад. Ҳунармандони 41 кишвар сурудҳои худро пешкаш мекунанд.

Суруди Манижа барои Евровидение — 2021 дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввал пешниҳод карда шуд.

Суруди Russian Womanа вокуниши васеи мардумро ба бор овард. Ҳатто муроҷиат ба Кумитаи тафтишотии Русия оид ба баррасии таронаи сароянда низ буд, ки номуваффақ анҷомид. Ҳамчунин, Раиси Думаи Давлатӣ Валентина Матвиенко ва чанд депутат хостанд чӣ тавр интихоб шудани суруди Манижаро тафтиш кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *