Мавзуна Чориева директори генералӣ шуд

Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Мавзуна Чориева ба вазифаи мазкур рӯзи 11-уми январ интихоб шудааст.

Гуфта мешавад, ки то ин дам Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *