Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Меҳмони нохонда” аз Ҳиндустон

Онҳо тариқи фурудгоҳи шаҳрҳои Истамбули Туркия ва Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб вориди Тоҷикистон шудаанд

Сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст,ки дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд 15 нафар бо табт баланд бистарӣ шудаанд .Онҳо тайи як ҳафтаи ахир тариқи фурудгоҳи шаҳрҳои Истамбули Туркия ва Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб вориди Тоҷикистон шудаанд.
“Тибқи қоида, ҳар шаҳрванде, ки аз хориҷа ворид мешавад, таҳти қарантина қарор мегирад. Ин афрод дар ҷойҳои сукунати худ бистарӣ мешаванд. Он 15 нафар ҳам онҳоеанд, ки сокини шаҳри Хуҷанд буда, аксарият аз Ҳиндустон ва қисме аз Туркия вориди кишвар шудаанд”, – гуфтааст Эмомалии Мирзо.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабарҳо паҳн шудаанд, ки дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд 27 нафар бо ташхиси “вируси корона” бистарӣ шудаанд.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳафтаҳои ахир кишвари Ҳиндустон бадтарин рӯзҳои набард бо “вируси корона” – ро сипарӣ мекунад, ва рӯзи гузашта 4329 нафар босбаби гирифторӣ ба КОВИД-19 вафот кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.