Меҳриниссо дар садама ҳалок гардид

Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, 1-уми декабр, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қозиев Неъматулло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз самти кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи Маркази миллии ташхисӣ аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, пиёдагард Умарова Меҳриниссо, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Дар натиҷа, Умарова Меҳриниссо. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи “Истиқлол” бурдан,  дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Айни замон ба иттилои ВКД, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *