«Мерседес»-ро бурду пуламро надод…»

Тавре аз ВКД абар медиҳанд, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, дар назди театри Аҳоруни шаҳри Душанбе корманди ҶДММ «Абю-2010», марди 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо фиреб дода маблағи ваъдадодаашро барнагардонидааст.

Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 289 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи сентябри 2019 то моҳи январи 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *