Милиса дар автобус: Қоида барои ҳама як аст! (хабарнигори Pressa.tj чиро дид?)

Ин субҳ дар автобусу тролейбусҳои шаҳри Душанбе манзараи аҷиберо дида мумкин буд. Дар даромадгоҳи дари пеши ҳар як  мусофирбар як курсанти милиса  мисли “пулчинак”-ҳои маршурткаҳо истода, мусофиронро пешвоз мегирифт ва танҳо як савол медод:

-Корт  доред?

Онҳое, ки доштанд, вориди мусофирбар мешуданд ва онҳое, ки надоштанд, ё оромона пас мегаштанд ва ё бо курсант моҷаро мебардоштанд, ки “ана ин як сомониро ба ронанда деҳу мо савор шавем”.

Аммо курсанте, ки дар автобуси №2 ,соати 8 субҳ “хизмат мекард” ба ҳеҷ гуна илтиҷо ва дуғу пупис дода намешуд ва танҳо як ҷумларо такрор мекард: “Қоида барои ҳама як аст”.

Давоми зиёда аз ним соат кори ӯро мушҳоҳида  намудам. Дар ин муддат милисаи оянда  қариб бо 80-100 нафар “сар ба сар шуд”, аммо боре ҳам садо баланд накард ва боре ҳам касеро сухани бад нагуфт.Якеро “ака”,дигареро “амакӣ” ва сеюмеро “холҷону аммаҷон” гуфта гапашро мегузаронд ва онҳоро мутмаин мекард,ки тарки автобус кунанд.  Буданд онҳое,ки ӯро таҳқир ҳам карданд, аммо ин ҷавонмард лазае ҳам худро аз даст надод ва бо табассум ҳамон ҷумлаи “қоида барои ҳама як аст”-ро такрор мекард.

Хулоса, аз “ километри 9”  то “истгоҳи сирк” субҳи 3 ноябр ягон нафар бе карта ба втобус савор шуда натавонист ва ҳамин тавр ин субҳ ронандаи ин мусофирбар  бе “пули зинда” монд.

Вақти фаромадан аз ӯ пурсидам,ки акнун чӣ кор мекунад? Ҷавоб дод,ки  “ агар маошамро зиёд накунанд, калиди мошинро месупорам”. Дар дилам гуфтам,ки “дуруст мекунед, муҳтарам ронанда, зеро то имрӯз аз дасти ин мусофирони  “яксомонаи” шумо мардуми картадор беруни дар мемонданд ва иқдоми шаҳрдорӣ дар мавриди танзими ҳаракати нақлиёт ва гирифтани маблағи мусофирон тариқи кортҳо амалӣ намегардид”.

Акнун, ки шаҳрдорӣ аз пайи пурра амалӣ кардани ин нақшаи худ шудааст, онро бояд дастгирӣ кард. Танҳо ҳамон вақт пойтахти мо ба шаҳрҳои кишварҳои мутмаддин монанад мешавад. Бигзор ронандаҳое,ки  пули ҳалол кор кардан мехоҳанд, ба мусофирон хизмат кунанд.Вақте,ки дар истгоҳи навбатӣ тарки автобус карданӣ шудам, аз курсанти милиса пурсидам,ки дар курси чандум мехонад. Маълум шуд, ки аллакай чор сол боз дар Акдемияи милиса таҳсил доштааст ва боз як соли дигар мехондааст. Беихтиёр гуфтам:

-Бар падари тую устодонат раҳмат, аз ту милисаи хуб мебарояд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *