Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мирзиёев ба Сайрам Исоева ангораи тиллоӣ ва 20 000 доллар дод

Сайрам Исоева дар доираи чорабиниҳои Синамобазми байналмилаии Тошканд «Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим» дар қатори Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Россия), Нурӣ Билге Ҷейлан (Туркиё) ва Айтурган Темирова (Қирғизистон) бо Ҷоизаи махсуси ҷашнвора қадрдонӣ шуд.

Ситораи синамо ва театри ҷаҳон – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева дар доираи чорабиниҳои Синамобазми байналмилаии Тошканд «Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим» таҳти шиори «Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт» барои саҳми арзанда дар рушди кино қатори дигар ситорагони тобноки олами ҳунар, ба мисли Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Россия), Нурӣ Билге Ҷейлан (Туркиё) ва Айтурган Темирова (Қирғизистон) бо Ҷоизаи махсуси ҷашнвора иборат аз диплом, ангораи тиллоии синамобазм ва бо маблагӣ 20 000 доллар қадршиносӣ гардиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.