Моҷаро дар Бадахшон, Зиёбеков кист?

Бори аввал дар ин бора расонаҳои русӣ хабар доданд. Дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав беш аз сад нафар аз бадахшониёни муқими Русия шоми 25-уми ноябр бо нишони эътироз ҷамъ шудаанд. Онҳо аз амалиёти мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ин ҷо норозӣ ҳастанд, ки дар пайи он рӯзи 25-уми ноябр як сокини Роштқалъа кушта шудааст. Мақомот мегӯянд, Гулбиддин Зиёбекови 29-сола ҳангоми амалиёти боздошт «муқобилият нишон дод ва захмӣ карда шуд».Ҷамъшудагон талаб кардаанд, ки сабабгорони марги Гулбиддин Зиёбеков боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд.

Дар Хоруғ чӣ гузашт?
Рӯзи 25-уми ноябр даҳҳо сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа низ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ тазоҳурот карданд. Онҳо тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба назди ҳукумати маҳаллӣ оварда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд.Тавре сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, Зиёбеков на захмӣ, балки кушта шудааст.
Қаблан мақомот танҳо дар бораи захмӣ шудани ГулбиддинЗиёбеков дар вақти гузаронидани амалиёти махсус барои боздошти ӯ гуфта буданд.

Зиёбеков кист?
Дар ин мавриди шахсияти ӯ мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Гулбиддин Зиёбеков бо гумони даст доштан дар гаравгонгирии як корманди прокуратураи Роштқалъа як сол боз дар кофтуков қарор дошт ва «ҳангоми боздошт бо туфангча муқобилият нишон дод». Мақомот дар эъломияи расмӣ танҳо захмӣ шудани ӯро зикр карда буданд, маълум мешавад, ки ӯ пас аз бардоштани захм вафот кардааст.

Эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия


Гулбуддин Зиёбеков, ки 29 сол дошта, аз нафарони пурнуфуз дар минтақаи Шоҳдара ва аз афроди наздик ба Амриддин Аловатов, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба шумор мерафтааст. Ӯ солҳои пеш дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, вале баъди ихроҷаш аз Русия дар Шоҳдара кору зиндагӣ мекард.
Ӯ рӯзи 25 ноябр, соати 11:30 ҳангоми амалиёти боздошт “бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид” гуфта мешавад дар изҳороти прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Ба гуфтаи прокуратура , аз ҷои ҳодиса таппончаи ПМ бо як тирдон ва 5 тир гирифта шудааст.


Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор доштааст.
Мувофиқи фарзияи тафтишот, Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Эътирозгарон аз чӣ норозиянд?
Эътирозгарон дар Маскаву Хоруғ зоҳиран бо ин фарзияҳо розӣ нестанд.
Баъзе аз онҳо ба расонаҳо гуфтаанд, ки сабабгори беназмии охирин дар Бадахшон ишқи беҷавоб будааст ва фарзияи сокинони Бадахшон аз ин фарзияи мақомот фарқ мекунад. Онҳо гуфтанд, ки соли гузашта як корманди прокуратураи ноҳияи Роштқалъа, ки аз минтақаи дигари Тоҷикистон будааст, ба як духтар аз Шоҳдара дил баста, чанд дафъа ба вай паёмҳои ошиқона фиристода, ҳамчунин дар роҳ чанд бор пеши роҳашро гирифта, изҳори ишқ кардааст. Духтари ба муҳаббати ӯ ҷавоб надода, ба хешу табораш шикоят кардааст ва онҳо он корманди прокуратураро якҷоя латтукӯб кардаанд. Ин муноқиша дар соли 2020 бо миёнаравии раиси ҳамонвақтаи вилоят Ёдгор Файзов бо роҳҳои мусолиматомез ҳал шуда буд ва он корманди прокуратураро ба ноҳияи дигар гузаронда буданд. Аммо баъди барканори Ёдгор Файзов парвандаи латтукӯби корманди прокуратураро аз сар гирифта, ахиран чанд сокини Шоҳдараро бо иттиҳоми латтукӯби намояндаи ҳокимият дастгир кардаанд. Яке аз онҳо ҳамин Гулбуддин Зиёбеков будааст. Айни замон, Алишер Мирзонаботов, раиси нави вилояти Бадахшон, бо як сафари корӣ дар ноҳияи Мурғоб қарор дошатааст.»Ҳодисаро прокуратураи ҳарбӣ тафтиш дорад ва маъмурони амниятӣ, ки дар ин ҳодиса ширкат доштанд, бозҷӯӣ мешаванд,» – гуфтааст як мақом аз Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон.Минбаъд чӣ хоҳад шуд, натиҷаи тафтишҳоти ҳодиса нишон хоҳад дод вале ба гуфтаи сокинон , пас аз сар задани ҳодиса, иртибот бо Бадахшон қатъ шудааст ва Интернету симкортҳои телефонҳои мобилӣ кор намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *