Моҳиро кӣ хӯрад? Пулдор!

Истеҳсоли моҳӣ кам, нархи он баланд

Соле қабл атрофи соҳаи моҳипарварӣ ва мушкилоту норасоӣ дар ин самт, матлабе дар ҳафтавори “Тоҷикистон” ба нашр расида буд. Сухан аз нархи баланди моҳиву беэътиноиву чашмпӯшиҳои масъулини соҳаи мазкур нисбат ба моҳипарварию коҳиши он дар бозорҳои пойтахт мерафт.

Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо

Аз таҳлилу мушоҳидот бармеояд, ки бо гузашти вақт вазъи соҳаи мазкур рӯ ба беҳбудӣ наовард. Ҳарчанд масъулини соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки соҳаи мазкур аз  пештара дида бештар рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва нишондодҳо назаррасанд, аммо ин гуфтаҳо танҳо василаи аз об хушк баромаданро мемонад.

Парваришу истеҳсол ва пешкаши аҳолӣ кардани моҳии зинда, яке аз ҷузъҳои таркибии татбиқу амалӣ кардани барномаи стратегӣ ва таъмини амнияти озуқаворист. Истеъмоли гӯшти моҳӣ дар таъмини саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад. Ин гуфта на хулосаи мо, балки тавсиаи табибон аст, ки бино ба гуфтаи онҳо, истеъмоли гӯшти моҳӣ дар инкишофёбии бадани атфолу калонсолон  фоиданок аст. Бахусус, дар ин даврае, ки коронавирус ва ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷомеаро таҳдид доранд, истеъмоли гӯшти моҳӣ метавонад ҳамчун маҳсулоти ғизонок фоидаовар бошад.

Тоҷикистон, ягона минтақае дар Осиёи Марказист, ки шароити комили парваришу истеҳсоли моҳиро дар худ дорост. Зеро ҳар минтақаву гӯшаву канори кишварамон, дорои сарчашмаҳои бойи обианд ва метавон моҳии хушсифату хушмазза парвариш карду бо нархи арзон пешниҳоди аҳолӣ намуд.  Воқеан ҳам, аз ин неъмати Худовандӣ пурмаҳсул истифода мекунем ва аҳолӣ комилан бо гӯшти моҳӣ таъмин аст? Бо як сухан, албатта НЕ!  Чаро? Андак фориғболему бештар манфиати худро дар мадди аввал мегузорем, на аз мардумро. Аксар дар ин маврид як андеша доранд: Бигузор Давлату Ҳукумат дар фикри беҳбудии рӯзгори мардум бошанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки неруи асосии пешбарандаи ҳар Давлату Ҳукумат маҳз ҳамин мардуманд. Пас, ғами мардумро мебояд хӯрд, на онҳоро ҳаволаи тақдиру қисмат кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар баромаду суханрониҳояшон соҳаи моҳипарвариро як шохаи муҳими таъмини амнияти  озуқаворӣ дар беҳбуд бахшидан ба рӯзгору зиндагии мардум маънидод мекунанд. Бо амри Пешвои миллат аз нимаи дуюми соли 2019 дар соҳаи мазкур имтиёзҳои андозию гумрукӣ вориди амал қарор гирифт. Иқдоми Сарвари давлат танҳо ба хотири афзун бахшидан ба парваришу истеҳсоли моҳӣ ва  бо нархи дастрас пешкаши мардум кардани он аст. Аммо бо сабабҳои маълуму номаълум, нархи як килло моҳии зинда дар мағозаву бозорҳои кишвар аз 25 то 50 сомониро ташкил медиҳад, ки чунин амалкард ба ҳеҷ гуна нархгузорӣ мутобиқат намекунад. Аз имтиёзоти муқарраргашта соҳибкорону моҳипарварон суиистифода мекунанд?

Истеҳсол зиёду нарх дандоншикан

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ то ба имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 352 адад расида, то ин давра беш аз 832 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 368 тонна зиёд аст. Бале, 368 тонна аз истеҳсоли порсола зиёду дар ин баробар нархи он низ дандоншикан. Мувофиқи маълумоти масъулин, сайди яксолаи моҳӣ аз обанбори “Барқи тоҷик” дар маҷмӯъ 150 тоннаро ташкил медиҳад. Ин миқдор ками андар кам аст. Обанбори мазкур ягона обанборест, ки бозорҳои ҷумҳуриро бо суфмоҳӣ (судак) таъмин мекунад. Чун талабот ба ин намуд моҳии хушлаззати баҳрӣ зиёд аст, аз ин рӯ нархи он низ аз 35 то 45 сомонист, ки бо чунин нарх танҳо афроди соҳибкисса қудрату тавоноии харидории онро доранд.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ А. Салимзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки моҳипарварони Суғд парвариши интенсивии моҳиро ба роҳ мондаанд. Ин ҷо дар зеҳн суоле пайдо мегардад: чаро вилояти Суғд дар истеҳсоли ҳама гуна соҳаҳо пешгому пешсафу парчамбардор аст, аммо дигар аз манотиқи кишвар саҳлангоранду канораҷӯ? Чаро фаъолияти КВД “Моҳии Тоҷикистон” дар дигар манотиқи Тоҷикистон фаъол нест, дар ҳоле ки ҳама шароити кофӣ муҳайёст?

Масъулин бетаваҷҷуҳанд

 Тибқи гуфтаи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, қаблан дар самти соҳаи моҳипарварӣ Шӯрои илмии моҳидорӣ ҷиҳати муқаррар кардани меъёри сайди моҳӣ аз обанборҳои кишвар, фаъолият дошт, ки он бо сабабҳои номаълум аз байн рафт. Шояд аз фаъолият бозмондани Шӯрои мазкур сабаби коҳиш ёфтани истеҳсолу парвариши моҳӣ гашта бошад?! 

Ёдам ҳаст, 10 сол пеш дар яке аз ноҳияҳои ҷануби кишвар чанде аз соҳибкорон парваришу истеҳсоли моҳиро роҳандозӣ карда буданд, ки дар ним сол ранҷи кашидаашон ганҷи фаровоне ба онҳо бахшид: ҳам худ фоида диданду ҳам маҳсулоти тару тозаро бо нархи дастрас пешкаши аҳолӣ карданд. Аммо бо гузашти андак муддат фаъолияташон қатъ гашт. Сабаб? Ба ин суол моҳипарваре аз ноҳияи Шаҳритуз 5 сол пеш чунин посух дода буд: “Гургон, ки зиёд шуданд, рама талаф меёбад. Аз хурд то бузурги соҳибвазифаҳо меҳмононашонро ройгон бо моҳии обанборҳои мо зиёфат медоданд, ки чунин аҳвол зарбаи сахти молиявию иқтисодӣ ба ҷайби мо зад. Дигар омил, ин гаронии андозу ҳақситонии ходимони андозу дигар ниҳодҳо  буд, ки ҳам мехӯрданду ҳам бо худ мебурданд”. Метавон ба ин гуфтаҳо бовар кард? То андозае сад дар сад!

Имрӯз тиҷорату пешниҳоди бозор кардани моҳӣ ба худ шаклу намуди нав касб кардааст: Шикору тиҷорати ғайрирасмӣ! Чунин афрод аз тиҷорату фурӯши моҳӣ, на андоз месупоранду на ҳамчун соҳибкор сабту қайд дар ниҳодҳои давлатианд. Ин теъдод аз тоҷирони ғайрирасмӣ моҳигирони касбиро киро карда, онҳоро бо кемаҳои худсохт ва таҷҳизоти моҳидории барқӣ муҷаҳҳаз месозанд, ки ба қавле “браконерҳо” савори кемаҳои резинӣ беибо аз дарёи Кофарниҳон  тариқи чангакҳои барқӣ моҳӣ сайд мекунанд. Мусаллам аст, ки аз чунин амалкарди берун аз инсофу имони манфиатҷӯён аз хурд то бузурги навъҳои гуногуни моҳӣ несту нобуд мегарданд. Магар аз чунин шикори ғайриқонунии ин теъдод ва “бом”-ҳои устуворашон ниҳодҳои давлатӣ огаҳӣ надоранд? 

Маҳз чунин тарзу усули нави сайди моҳист, ки моҳиҳои дарёӣ тухми анқо гаштаанд. Аммо на Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин бора андеша дораду на дигар ниҳодҳои давлатӣ. Агар кор бо чунин тарз идома ёбад, он гоҳ дарёҳои кишвар сартосар аз моҳӣ маҳрум мегарданд.

Омили дигаре, ки сабаби ифлосии об ва сироят гаштани моҳиҳо гаштааст, аз фарҳанги тозагиву нафосат фарсахҳо дур будани аҳолист. Бахусус, мардуме, ки  дар назди дарёи Кофарниҳон зиндагӣ мекунанд, тамоми хасу хошок, ахлоту ҳатто наҷосати ташнобҳои худро ба дарё мепартоянд. Дар баробари аҳолӣ,  ҳатто баъзе аз корхонаҳои истеҳсоливу истироҳаткунандагони мавзеи Варзоб низ даст ба чунин амалҳои ғайр мезананд.

Дар солҳои побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Қайроққум хоҷагии тухми моҳипарварӣ арзи ҳастӣ дошт, ки он то 1,5-2 млн. моҳичаҳро ба обанбор сар медод ва парвариши интенсивии он ба роҳ монда шуда буд. Он замон моҳӣ дар шакли зинда пешниҳоди мардум мегашт. Чаро он тарзу усули фоидаовару аз гузашта меросмондаро мутахассисон аз нав зинда намекунанд?

Агар олимони Академияи кишоварзӣ, мутахассисону  дигар шахсони масъул соҳаи моҳипарвариро мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор диҳанд, он гоҳ бӯи умед аст, ки дар бозорҳо моҳӣ фаровону нархи он арзон мешавад. Бале, танҳо ба он шарт, ки агар АҚЛу ШУУР аз болои НАФС ғолиб ояд!

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *