Моҷарои муллою қавм дар масҷиди Дарёбод

Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед!

Сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, сархатиб мулло Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии собиқ Амонулло Неъматзода дар саҳни масҷид онҳоро дашном додааст.
Наздикони мулло гуфтаанд, ки ӯро намозгузорон асабӣ карданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, мулло Ҷамолиддин аз оне, ки сокинон ба имоматии писари ӯ дар ин масҷид дар намози рӯзи ҷумъа норозигӣ баён карданд, хашмгин буд.
Дар як навор дида мешавад, ки он шаби 7-уми май сабт шудааст ва ,ки яке аз намозгузорон аз дашном шудани ҳамагон ба хашм омада эътироз мекунад. Нафаре, ки аз ӯ мулло Ҷамолиддин ном мебаранд, ба ӯ дарафтода, аз гиребонаш медорад ва ба тундӣ мепурсад, ки “ту кӣ ҳасти ки эътироз мекунӣ?”.
Ин шахс мегӯяд, “як одами одӣ аз шаҳри Кӯлоб ҳаст ва ин ҷо меҳмонӣ омадааст, вале аз оне ки ҳамагон дашном шунидаанд, нигарон аст”.
Дар ҳамин ҳамин лаҳза мулло Ҷамоллидин аз гиребони ӯ дошта кашола мекунад ва мекушад, ба хонаи дигари масҷид ӯро дарорад. Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, “ҳазрат ин корро накунед, шумо хатиб ҳастед”.
Ин замон мулло Ҷамоллидин як дашноми обдоре ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: “Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон!”.
Сайидқадам Неъмазода, бародари муло Ҷамолиддин гуфтааст, ки зоҳиран намозгузорон бо рафторҳои ноҷои худ хеле бародарашро асабонӣ кардаанд.
«Одам чӣ қадар вазнин ҳам бошад, ба асабаш расанд, дигар худро назорат карда наметавонад»,-гуфтааст ӯ.
Мулло Ҷамолиддин, сархатиби ноҳия Рӯдакӣ то чанде пеш дар масҷиди маҳаллаи ба номи Ҳазрати Мавлоно имом буд. Баъде, ки ин қисмати ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ҳамроҳ шуд, ӯ дар мақомаш, сархатиби ноҳия боқӣ монд, аммо ба дигар масҷид гузашт.
Яке аз писарони мулло Ҷамолиддин бо номи Аъзам, қабл аз намози ҷумъа ба масҷиди деҳаи Дарёбод омада, худ ба ҷойи хатиби ин масҷид менишинад. Хатиб чизе нагуфта, минбарро холӣ мекунад, аммо намозгузорон эътироз мекунанд.
Шаби он рӯз, баъд аз намози таровеҳ, мулло Ҷамолиддин бо писараш ба масҷид меояд ва ба гуфтаи сокинон, писараш мардумро дашном медиҳад.
Навор ба дасти масъулони ноҳияи Рӯдакӣ низ расидааст ва ҳоло мақомот рафтори руҳониро баррасӣ доранд ва эҳтимол ӯ аз вазифааш барканор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *