«Мо ҳамагӣ масъулем, ҳар як мо масъул аст!»

Агар яке аз мушкилиҳои асосие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин тайғйирëбии иқлим бошад, пас проблемаи дигар ифлосшавии обу ҳаво мебошад.  Тибқи омори ҷаҳонӣ аз сабаби ифлосшавии ҳаво дар соли 2019  6.7 миллион сокини сайёра ба ҳалокат расидааст. Танҳо дар кишвари Ҳиндустон 36% — и заминҳои корам  маҳз аз сабаби ифлосшавии ҳаво ва тайғирëбии иқлим корношоям гаштаанд. Олимон бар он назаранд, ки пайдо шудани бемориҳои гуногун, нестшавии намудҳои  набототу ҳайвонот, носолим ба дунë омадани кӯдакон, ин ҳама аз заҳролудшавии ҳаво мебошад. Ахиран дабири кулли СММ,  Антонио Гуттериш дар як баромади худ қайд намуд, ки » мо ба табиат ҷанг эълон кардем. Мо аз ӯҳдаи ҳифз кардани гуногунии биологӣ баромада натавонистем.» Ҳамчунин ӯ ба тамоми дунë муроҷиат кард,  ки » мо бояд табиатро ҳифз кунем, экосистемаро барқарор намоем ва кӯшиш кунем, ки муносибати хуб бо сайёраро ба роҳ монда бошем. Дар ҳамин ҳол мо метавонем, вазъи саломатии инсонҳоро беҳтар гардонем ва аз бӯҳрони иқлимӣ бароем.»

Бо вуҷуди он ки дар аксари кишварҳо барномаи СММ оид ба муҳити зист ( ЮНЕП) амал мекунад,  то ҳол наҷоти сайёра аз ифлосии боду ҳаво ҳалли худро наëфтааст.  Зиёд шудани корхонаҳо, афзудани ҳаракати нақлиёт ва истифодаи мардум, аз зарфҳои пластики, бепарвоии  одамон ба тозагии муҳити зист, кам будани таваҷҷӯҳи онҳо ба энергияи барқароршаванда (сабз) ин мушкилиро то рафт печидатар мекунад.

Олимон пешгӯйи мекунанд, ки то соли 2030 бояд ихроҷи СО2 то ду маротиба кам карда шавад. Зеро ин барои то 1,5 С° кам кардани ҳарорати сайëра ва пешгирӣ кардани бӯҳрони иқлимӣ мусоидат мекунад.  Агар ҳарорати сайёра аз 2 С°зиёд шавад барои миллиардҳо сокини сайёра хатар эҷод мекунад.   

Дар замони имрӯз тамоми таваҷҷӯҳи олимон ба масъалаи ИҚЛИМ нигаронида шудааст. Барои ҳарчи зудтар пеши роҳи ифлосшавии ҳаворо гирифтан барномаҳои гуногун тарҳрезӣ мешаванд. Даъват ба амал овардани Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорон ҳам, маҳз барои ошно сохтани мардум, бо энергияи сабз, ва огоҳ сохтани онҳо аз  хатарҳои биологии имрӯза мебошад.

Чуноне ки мегӯянд, фазо сарҳад ва ҳадду ҳудуд надорад, аз ин рӯ, тайғир ëфтани иқлими як давлат ва ё заҳролудшавии як минтақа ба кулли сайёра бетаъсир намемонад. Ин нуктаҳоро пандемияи КОРОНАВИРУС исбот намуд. Акнун таваҷҷӯҳи созмонҳои гуногун барои ҳифзи муҳити зист аз ҳар вақта бештар нигаронида шудааст.

     Ҳамасола санаи 5 — уми июн  дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил мегардад. Бори нахуст 11 — уми майи соли 1971 дар ҷаласаи СММ бо мақсади гирифтани пеши роҳи ифлосшавии муҳити зист аз ҷониби 23 кишвари дунë «муроҷиатнома» ба имзо расида буд. Ҳарчанд он замон дар ақсои олам ривоҷи техника ва корхонаҳои истеҳсолӣ, ки яке аз «ифлоскунандаҳои муҳити зист» маҳсуб меёбанд, камтар ба назар мерасид, лекин қисми зиëди кишварҳои  сайëра аз ифлосии боду ҳаво нигаронӣ намуда буданд. Баъдан дар конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ки  соли 1972 дар шаҳри Сотокголми Шведсия бергузор гардид, бо ҳамраъйии 113 кишвар  5 — уми июн рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист эълон гардид.

49 сол мешавад ки ин рӯзро  қариб зиëда аз 130 кишвари ҷаҳон ҷашн мегиранд ва мизбони ҷашн ҳар сол давлатҳои гуногун интихоб мешаванд. Имсола мизбони рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Дар ин ҷо баробари  ҷашн гирифтани рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ба Даҳсолаи СММ оид ба барқароркунии экосистемаҳо дар давоми солҳои 2021-2030 оғози расмӣ бахшида мешавад.

PS.  «Мо ҳамагӣ масъулем, ҳар яки мо масъул аст.» Ин нуктаҳоро нависандаи бузурги тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев дар бобати беодобии ҷавонон ва даст ба авбоши задани онҳо,  гуфта буд.  Ин нукта имрӯз бештар ба масъалаи муҳити экологӣ рост меояд. Чунки барои захираҳои табиатро нигоҳ доштан, ҳаворо аз олудагиҳо ҳифз кардан ва ҳимоя намудани муҳити зист аз ҳар гуна хатарҳо «мо ҳамагӣ масъулем ҳар яки мо масъул аст». Зеро моро моддаи 44 — и (Ҳифзи табиат, ëдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, вазифаи ҳар як шахс аст.) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф намудааст.

                                                                               Абдуғаффор Шодиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *