Мо май мехурему камтар…

Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои майнӯш,дар байни 189 кишвари ҷаҳон, дар мақоми 130-юм қарор гирифтааст.

Тавре Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, истеҳсоли машруботро дар соли 2020 дар кившар 5,2% афзоиш ёфтааст.
Корхонаҳои Тоҷикистон то моҳи ноябри соли 2020 ҳудуди 50,3 декалитр маҳсулоти спиртӣ истеҳсол кардаанд.
Дар ҷумҳурӣ 25 корхонаи хурди истеҳсоли спирту маҳсулоти спиртӣ фаъолият доранд.
Ин дар ҳолест, ки дар радабандиҳои ҷаҳонӣ, тоҷикистониён аз рӯи майнӯшӣ миёни кишварҳои ИДМ ҷойҳои ақибро мегиранд.
Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои майнӯш,дар байни 189 кишвари ҷаҳон, дар мақоми 130-юм қарор гирифтааст. Аз миёни кишварҳои ИДМ, Ӯзбекистон дар ҷойи 138 ва Озарбойҷон дар ҷои 166 қарор гирифтааст.
Соли равон ба гуруҳи кишварҳои майхӯртарин Молдавия, Литва, Чехия, Олмон, Нигерия Ирландия ва ба феҳрасти кишварҳои майбезортарин – Сомалӣ, Мавритания, Либия, Қувайт, Бангладеш, Яман, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Сурия ва Покистон шомил шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *