Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Модар дар “Рӯзи модарон” соҳиби хона шуд

Ин оила аз модар бо ду фарзанд ва ду набераи маъюб иборатанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон аз номи Президенти Тоҷикистон як сокини Бохтарро ба муносибати Рӯзи модарон табрик намуда, ба ӯ хона дод.

Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилоят  хабар медиҳад, ки  5 март Қурбон Ҳакимзода ба як оилаи бехона дар шаҳри Бохтар манзили истиқоматӣ тақдим намуд.

Қурбон Ҳакимзода Чамангулро аз таҳхона баровард (аксҳо)

Гуфта мешавад, ин оила аз модар бо ду фарзанд ва ҳамчунин ду набераи маъюб иборат буда,  чанд сол боз дар манзили иҷора зиндагӣ мекарданд.

Ҳамакнун онҳо соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ шуданд, ки барои зистан тамоми шароит муҳайё гардидаааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.