Модараш даргузашту ба ӯ ҳич чиз нагуфтанд ва ӯ ҳам даргузашт…

Ӯ 50 сол дошт. Дасти кушоду дили пок дошт. Ҳамеша бо караму сахояш байни муҳоҷирон шуҳрат дошту эҳтироми хоса. Шояд барои чунинҳо ин мисраҳоро навишта бошанд:
Ҳақтаъоло бар дари ҷаннат навишт,
Ҷойи мардони сахӣ бошад биҳишт.

Зикрулло Шарипов, соҳибкор ва сармоядори шинохтаи тоҷики Русия, ки бо аломатҳои коронавирус дар беморхона дар Душанбе бистарӣ буд, даргузашт.
Ҳоҷӣ Зикрулло Шарипов, молики тарабхонаи “Старий дуб” ва ширкати “Алиса” дар Русия, ки миёни муҳоҷирон “ёрии таъҷилӣ дар замони коронавирус” унвон гирифтааст, дар шаҳри Душанбе даргузашт. Яке аз наздиконаш дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ то охир иродаи қавӣ дошту умедвор буд, ки ба пой мехезад.

Манбаъ афзуд, Зикрулло Шарипов, чанде қабл барои аёдати модараш ба Ватан омад ва бемор шуд. Модари марҳум санаи 23 июл бандагӣ кард, аммо ба далели бад будани вазъияти Шарипов дар ин бора ба ӯ хабар надоданд.
Расман дар бораи иллати марг чизе гуфта нашудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ аз даргузашти нобаҳангоми узви фаъоли Шӯрои ҷамъятии Сафорат, соҳибкори саховатпеша Шарипов Зикрулло изҳори андуҳ карда, афзудааст, ки марҳум махсусан замони маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳамеша дар кумаки дигар ҳамватанон буд.

Гулчеҳра Холмирзоева, аз наздикони Зикрулло Шарипов изҳор доштааст, ки Ҳоҷӣ Зикрулло барои ҳама бародар буд ва умед дошт, чун падараш, ки ба сад даромада буд, умри дароз бинад.

“Рӯзи рафтанаш хушҳол буд, ки назди модар меравам, каме бемор шудааст. Гуфт падар то синни сад расиду баъд рафт, аз модарам хавотирам. Модари меҳрубонат фарзанди азизашро бо худ бурд. Дидор ба қиёмат додари азизам”, — навиштааст Холмирзоева.

Маҳкам Маҳмудзода, собиқ раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон низ изҳор доштааст, ки бо Шарипов зиёда аз 30 сол робитаи дӯстӣ дошт.
“Дирӯз барои дуо ба деҳаи Кангурт рафтам. Ҳама гирён буданд. Ба назарам кӯча мегирист. Хона гирён буд. Деҳа мотам гирифта буд”, — тасвир кардааст ҳолро Маҳмудзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *