Модари театри Конибодом даргузашт. Ёдаш ба хайр!

Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз устодони санъати театру кинои тоҷик, Истад Мамадҷонова дар шаҳри Конибодом аз олам даргузашт. Номбурда 68 сол дошт ва зиёда аз 40 сол дар саҳнаи қадимтарин театри Тоҷикистон – Театри драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом хизмат кард.

Мамадҷонова Истадой 21 феврали соли 1953 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи № 4, техникуми тиббии Конибодом ва Институти педагогии шаҳри Хуҷандро ғоибона хатм кардааст. Соли 1969 ба Театри давлатии драмавӣ-мусиқии Конибодом омада, дар ин даргоҳи ҳунар то рӯзҳои охирини умраш фаъолият дошт.

Соли 1987 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр шудааст. Бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Тӯли фаъолият беш аз 50 нақш офаридааст, аз ҷумла Норгул («Ошӯби рӯзгор»-и А. Сидқӣ), Рисолатпарӣ («Тошболтаи ошиқ»-и Х. Ғулом), муаллима Шаҳноза («Муаллим»-и Ашӯрқулов), Зарина («Зафар ва Зарина»-и С.

Саидмуродов), Нурхон («Нурхон»-и К. Яшин), сардори Ваҳваҳабонувон (аз «Ваҳваҳабонувон»), Модар («Модар –Ватан»), «Санавбар» (аз «Модар ман зан мегирам») ва ғайра. Ӯ дар саҳна ҳам нақш меофарад, ҳам суруд мехонад.

Дар ҷодаи овозхонӣ низ комёб шудааст. Дар филмҳои «Ормонҳо» (2010), «Паймон» (2014), «Тангно» (2016) «Маро бубахш» нақш офаридааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *