Модару духтари ғоратгар занеро куфта 11 ҳазор тилловории ӯро рабудаанд

Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза зани 32-солаи сокини шаҳри мазкур, пешхизмати тарабхонаи «Бандари куҳан» муроҷиат намудааст, ки 24-уми январи соли 2021, тахминан соати 21:10-дақиқа, зани 52-сола ва духтараш зани 32-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба назди тарабхонаи мазкур омада, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, гӯшвору гардабанди тиллоиашро маҷбурӣ канда гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи 11 ҳазору 400-сомонӣ зарар расонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *