Мошин мошинро ба ҳаракат дароварду одам кушт

Автомашинаи тамғаи“ГАЗ-279913” аз ин зарба ба ҳаракат даромада, пиёдагард Ғиёсов Усмон Алиевич, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, пахш намудааст.

Тавре ВКД хабар додааст, рӯзи 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», Назаров Илҳом Иброҳимович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ҳусейнов Ҳасанҷон Абдуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, бархӯрда ва сипас ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-279913”, ки ба Раҳимов Собирҷон Мирзораҷабович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад ва дар канори роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “ГАЗ-279913” ба ҳаракат даромада, пиёдагард Ғиёсов Усмон Алиевич, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ғиёсов У.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 11-уми майи соли 2021, тахминан соатҳои 14:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳомидов Мансур Эмомназарович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи мазкур, дар шоҳроҳи «Душанбе-Панҷи поён» ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи ронанда Муъминов Раҳмиддин Абдуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» Муъминов Р.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-астра», Ҳомидов М.Э. бо хурдсол Ҳомидов Муҳаммадҷон Мансурович, соли таваллудаш 2019, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ҳамин ноҳия ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *