Мошин оташгирифу ронандаву мусофираш сӯхтанд…

Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Деваштич мошин оташ гирифта, ронанда ва мусофиронаш сӯхтанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон , 9-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:20-дақиқа дар ноҳияи Деваштич садамаи маргбор рух додааст.

Манбаъ меафзояд, ки , ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Оптима», , сокини 47-солаи ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, Эралиев Абдусалом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Истаравшан — Деваштич» ба садама дучор шудааст.

Манбаъ зикр намуд, ки Эралиев дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёташ набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст, ки дар натиҷа мошин оташ гирифтааст.
«Оташ аланга зад ва аз таъсири алангаи оташ қисми зиёди автомашина сӯхта, корношоям гардида, ронандаи автомашина Эралиев ва мусофираш зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд», — омадааст дар иттилоия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *