Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мошини Гулхумор ба канал чаппа шуд

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад,ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб  ронандазане мошинашро ба садама  дучор карда, ҳалок гардидааст.

Ҳодиса 20-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:20 рух додааст. 

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ландкрузер», Шункиева Гулхумор Шункиевна, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб”, дар 90,2-ум километр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канали обгузар чаппа кардааст.Дар натиҷа худи ронанда, Шункиева Г.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Исмоилова Тухтахон Айтақуловна, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Ҳамчунин бино бар иттилои ВКД, 20-21 октябр дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дастикам ду тани дигар ҳалок шуданд

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj