Мошинро мекашам гуфту одамро кушт…

24-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 08:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ 45021”, Забиров Нозимҷон Сангович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, дар саҳни ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Собирҷон Тоҳирович, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Правдаи ноҳияи мазкур бо мақсади  ба ҳаракат даровардани автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ 4502”(буксир кашидан) , аз беаҳамиятӣ ҳангоми ба қафо рондан шаҳрванд Давлатов Садриддин Исломович, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамон ҷоро, ки байни ду мошин будааст, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Давлатов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *