Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муъҷиза: об дариду замин баромад

Дар Ҳиндустон ҳодисаи аҷоибе рух додааст. Сокини иёлати Харяна лаҳзаи тақсим шудани об ва мобайн бархотани заминро сабт кард.

Сокинони иёлати Харяма шоҳиди як ҳодисаи ғайричашмдор шуданд. Дар ин минтақа об ба ду қисм тақсим шуд ва аз мобайни он замин баромад. Сокинон баробари дидани ин ҳодиса шигифтзада шуданд ва як сокини маҳаллӣ лаҳзаи ғайричашмдоштро сабт карда ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд.

Ҷагат Ванӣ муаллифи ин навор аст, ки онро дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр кард ва ин навор аз он ҷо ба дигар шабакаҳо роҳ ёфт
Дар навор маълум аст, ки як қитъаи калони замин аз қаҳри об боло шуд ва тарқишҳо пайдо шуданд.

Манбаъҳои расмӣ то ҳол ягон версияи ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Корбарон бошанд дар Интернет кайҳо тахминҳои худро баён намуданд. Тибқи баъзеҳо, замин бо таъсири тектоникӣ баланд шуд, дигарон боварӣ доранд, ки ин дар натиҷаи ҷамъ шудани метан дар хок рух додааст

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.