Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муаллимон саф кашед, ваксина омад!

Эмкунӣ ихтиёрист ва омӯзгоронро барои ваксина гирифтан касе маҷбур намекунад.

Дар Тоҷикистон, вакснзании зидди коркоанвирус, ки аз кормандони соҳаи тандурустӣ шуруъ шуда буд,идома дорад. Рӯзи 7-уми апрел як қисми омӯзгорони мактабҳои Душанберо низ ба зидди коронавирус эм кардаанд.
Масъулони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд, ки дар рӯзи аввал ба маъракаи ваксинзании муаллимон ба таври интихобӣ омӯзгорони мактабҳои чаҳор ноҳияи пойтахт ҷалб шуданд.
Мудирони мактабҳои Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар барои ваксинзанӣ ризояти омӯзгоронро гирифта, рӯйхатро ба раёсатҳои маориф мефиристанд.Тавре дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтанд, эмкунӣ ихтиёрист ва омӯзгоронро барои ваксина гирифтан касе маҷбур намекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.