Мулло Маҳмадсодиқи кӯлобиро ҳабс карданд

Маҳмадсодиқ бо сӯистифода аз мавқеи имомхатибӣ ба манфиати ташкилоти террористии ҲНИТ (дар Тоҷикистон мамнӯъ) фаъолият менамудааст

5-уми марти соли равон Маҳмадсодиқ Саидов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи «Нонбои Поён» – и шаҳри Кӯлоб аз сӯи кормандони мақомоти амниятии кишвар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ боздошт шудааст.
«Тибқи иттилои бадастомада, номбурда бо сӯистифода аз мавқеи имомхатибӣ ба манфиати ташкилоти террористии ҲНИТ (дар Тоҷикистон мамнӯъ) фаъолият менамудааст. Маҳмадсодиқ Саидов 29 сол дошта, аз соли 2016 инҷониб ҳамчун имомхатиб фаъолият менамуд. Вобаста ба масъалаи мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад”, — гуфтаанд аз Маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон,

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон ба феҳристи созмонҳои террористию экстремистӣ ворид шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *