Муовин ҷойгузини вазир шуд. Саъдӣ Каримзода кист?
Каримзода Саъдӣ Ғафор вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Сулаймон Зиёзодаро иваз кард.
Бино ба иттилои як манбаъ аз Ҳукумати кишвар ба сомонаи Pressa.tj, ин таъинот бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26-уми январ сурат гирифтааст. Сулаймон Зиёзода, ки то ин дам вазири кишоварзӣ буд, ба симмати муовини Сарвазири Тоҷикистон таъин шудааст.
Тавре аз маълумотномаи Саъдӣ Каримзода бармеод, ӯ 12-уми августи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ў соли 1986 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Душанберо хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шудааст. Номзади илмҳои биологӣ мебошад. Аз соли 1998 ҳамчун агроном дар намояндагии ташкилоти ғайридавлатии олмонии «Агроаксияи Олмон» то соли 2007 ифои вазифа намудааст.
Солҳои 2007 то 2011 дар Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳо кор кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2011 то моҳи апрели соли 2012 дар вазифаи мушовири байналмилалии «Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» фаъолият кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №431 аз 31-уми августи соли 2012 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» то 27-уми январи соли 2020 фаъолияти пурсамар дошта, барои рушди соҳа саҳм гузоштааст. Аз 27-уми январи соли 2020 то ин замон дар симмати муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ