Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муовини раиси ноҳия ва роҳбари идораи замин дастгир шуданд

Ду мансабдори ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон- Аскар Набизода, муовини раиси ноҳия ва Хайриддин Саидмуродзода, роҳбари Идораи замин бо гумони даст доштан дар «хилофкорӣ ва тақсими нодурусти қитъаи замин барои бунёди манзили зист» боздошт шудаанд.

Қарори боздошти Аскар Набизода ва Хайриддин Саидмуродзода пас аз санҷиши прокуратураи вилояти Хатлон содир шудааст. Ин нафарон тақрибан ду ҳафта пеш боздошт шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.