Муовини раиси шаҳр аз вазифа озод шуд

Наимҷонзода Нигора Ҳайдарӣ аз вазифаи муовини раиси шаҳри Истаравшан озод карда шудааст.

Қарор дар бораи аз вазифа озод намудани Наимҷонзодаро, дирӯз дар ҷаласаи ҳукумати шаҳри Истаравшан қироат кардаанд.

Ин қарори раиси шаҳри Истаравшан бар асоси розигии президенти кишвар содир шудааст.

Бино ба иттилоъи манобеъ аз ҳукумати шаҳри Истаравшан далели барканории Нигора Наимҷонзода, ҷойивазкунии кадрӣ ё ротатсия гуфта мешавад.

Ӯ муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи идеологияро ба зима дошт.

Дар бораи ин тағйироти кадрӣ дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан низ иттилоъ дода, аз ҷумла гуфтааст, ки “Наимҷонзода Нигора Ҳайдарӣ тӯли 5 сол дар мансаби муовини раиси шаҳр сарбаландона фаъолият намуданд”.

Аммо дар бораи ҷойи кори нави ӯ ва таъйини кадрӣ нав ба вазифаи муовини раиси шаҳри Истаравшан дар ҷаласаи дирӯзаи ҳукумати шаҳр чизе гуфта нашудааст.

Ҳоло бо рафтани Наимҷонзода, курсии муовини раиси шаҳри Истаравшан холӣ мондааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.