Муовини сардори Раёсати ВКД дар Хатлон фавтид

Шамсулло Абдуллозода, полковники милитсия, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар синни 47-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре аз раёсат иттилоъ доданд, ӯ аз бемории диабети қанд азият мекашид.

“Полковник Шамсулло Абдуллозода аз бемории қанд азият кашида, дирӯз сатҳи қанд дар хунаш якбора баланд шуд ва ба маргаш боис гардид”, — гуфт манбаъ.

Шамсулло Абдуллозода солҳои охир дар вазифаҳои раҳбарии ВКД кор мекард. Ӯ ба ҳайси муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар влояти Хатлон, намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Русия ва муовини сардори РВКД дар Хатлон фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *