Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муроҷиати Фарҳод Дарё ба Мулло Бародар: хоҳарони мо чи гуноҳ доранд, ки боз сангсор хоҳанд шуд?

Ҳаводиси чанд моҳи охир ба миён омада дар Афғонистон тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба по хезониду сари андеша равон кард. Ҷомеаи ҷаҳони аз он нигаронӣ дорад, ки бо ба сари қудрат омадани Толибон ҳоли мардуми осоишта чӣ мешавад?

Занону кӯдакон дар кадом ҳоли табоҳ қарор хоҳанд гирифт? Магар Толибон метавонанд, ки ақоиди худро тағйир дода аз рӯи талаботи меъёрҳои башарият рафтор дошта бошанд?! Ва ҳамин нигарониҳо боиси даҳҳо муроҷиат ба Толибон гардидаст, ки яке аз он муроҷиати Фарҳод Дарё, овозхони шинохтаи афғонистонӣ аст.

Фарҳод Дарё, овозхони шинохтаи афғонистонӣ бо як номаи боз аз Мулло Бародар, яке аз роҳбарони Толибони Афғонистон хостааст, ба суолҳои зиёд дар мавриди ояндаи кишвар посух гӯяд.

Фарҳод Дарё бори дуюм аст, ки ба роҳбарони Толибон муроҷиат мекунаду посух дар мавриди ояндаи Афғонистон мехоҳад.

“Мардум дар ҷустуҷӯи ҷавоб мемиранд. Аз як ҳафта ба ин сӯ, халои маълумот, изтироб ва ҳазорон саволи беҷавоб, чун ханҷаре дар гулӯи мардум фурӯ рафтааст”, – навиштааст Фарҳод Дарё дар хитоб ба Мулло Бародар.
Ба гуфтаи овозхон, гарчанде дар бозии сиёсӣ баъди 20 сол Толибон* баранда шуданд, аммо ин мухолоифат пирӯз надорад, чун мардум дар азобанд.
Фарҳод Дарё аз Толибон тавзеҳи ояндаро хостааст, ки метавонад аз марги мардум дар пеши фурудгоҳ, боли ҳавопаймоҳо ва ҳазорон фирорӣ ҷилавгирӣ намояд. Аз Мулло Бародар даъват шудааст, ёдрас намояд, ки дарси гузаштаро хуб омӯхт.

Овозхон таъкид намудааст, Афғонистон он давлате нест, ки чанд сол пеш буд, чун аллакай ду насле ба воя расидаанду бо арзишҳои демократии ҷаҳони муосир баладанду ҳуқуқҳояшонро медонанд.

Фарҳод дар масъалаи хоҳарону модарон суол кардааст, ки оё боз хонабанд хоҳанд шуду барои гапногирӣ сангсор мегарданд
“Бо мардум гап занед, аз мардум натарседу онҳоро маҷбур насозед, ки аз шумо битарсанд. Мардумро водор ба нафрат ба Ватан насозед”, навиштааст Фарҳод Дарё дар хитоб ба Мулло Бародар.

Ин дар ҳолест, ки Толибон* баъди ғасби қудрат дар Афғонистон эълон намуданд, ки дар доираи шариат ба ҳуқуқи занону озодии баён эҳтиром хоҳанд гузошт. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ аз нақзи ҳаққи мардум аз ҷониби ҷангиёни ин гуруҳ гузориш медиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.