Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муроҷиати муфтӣ ба муҳоҷирон: Ҷангҳоятонро ба Русия наоред!!!

Роҳбари Маҷлиси Рӯҳонии мусалмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов гуфт, ҳар як ихтилофот бояд дар доираи қонун ҳал шавад.

Зидиятҳое, ки мардумони Осиёи Марказӣ доранд, набояд ба қаламрави Русия ворид шавад, гуфт узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия, роҳбари Маҷлиси Рӯҳонии мусалмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов дар нишасти матбуотӣ ба хабаргузории «Россия сегодня».

Дар ин бора қаблан ВКД Русия дар бораи боздошти 102 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ пас аз занозании оммавӣ дар назди истгоҳи метрои Кузминки дар ҷанубу шарқи Маскав хабар дода буд.
Тибқи иттиллои вазорат, муҳиҷроне, кт дар ин задухӯрд ширкат доштанд аз кишвар хориҷ карда мешаванд. Аз рӯи маълумоти додгоҳи Кузмински, дар муноқиша тақрибан 200 нафар аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Туркманистон ширкат кардаанд.

«Мо медонем, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ байни шахсони алоҳида мушкилот вуҷуд доранд, мо чанде қабл мушоҳида кардем, ки чӣ гуна муноқишаҳо рух медиҳанд, аммо мо зидди онем, ки сокинони ин кишварҳо ин муноқишаҳоро ба қаламрави кишвари мо биоваранд, ин ғайри қобили қабул аст ва бояд тибқи қонун ҳали худро ёбад. Бигузор онҳо шаҳрванд бошанд ё аз Осиёи Марказӣ омадаанд, фарқе надорад, мо бояд қонунгузории Федератсияи Русияро эҳтиром кунем ва дар ин замина чораҳо андешем», — гуфт муфтӣ.

Муфти зикр намуд, ки рӯҳониён ба роҳбарони иттиҳодияҳои миллӣ дар ин бора суҳбат мекунанд ва масъулиятро мефаҳмонанд.
«Мо дар як кишвари сермиллат ва гуногунмазҳаб зиндагӣ мекунем … Чӣ эҳсосоте, ки набошад, бояд танҳо дар доираи қонун ҳал карда шаванд», — хулоса кард Крганов.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.