Мусофирони саргардон ба мақсад расиданд

Бо иҷозати Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон, ширкати русии «Северний ветер» ҳазор мусофирро, ки дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд дармонда буданд, бо вуҷуди доштани чипта ба Русия як ҳафта пеш рафта натавонистанд, ба Маскав ва Қазон интиқол доданд.

Қаблан роҳбари авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода гуфта буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии «Сибир» ва «Северная ветер”-и Русия бар хилофи ваъдаи қаблии хеш барои коҳиши нархи билети ҳавопаймо дар парвозҳои миёни Тоҷикистон ва Русия ба гаронфурӯшӣ идома доданд, ки ин мавзӯ шикояти мусофиронро дар пай дошт ва сабаби лағви муҷаввизи парвозҳои ин ду ширкат шуд.

Аммо намояндагони ин ширкатҳои русӣ иддаои мақомоти созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дар бораи гаронфурӯшии билетро рад мекунанд ва мегӯянд, ки нархи билети ҳавопаймо дар масири Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав 8 ҳазору 500 сомонӣ бештар нест ва агар гаронфурӯшӣ будааст, пас ин кори идораҳои фурӯши билет дар Душанбе ва Хуҷанд будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *