Мутахассиси олмонӣ гирифторони коронавируси Тоҷикистонро муайян мекунад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи миллии референсии мамлакат мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейферро ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ даъват намуд.

Тавре  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  хабар медиҳад, мақсад аз ташрифи мутахассиси немис ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо мутахассисони озмоишгоҳҳои мамлакат, хусусан мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 мебошад.

Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кумак мерасонад.

Ҳамчунин мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейфер  бо худ 3 ҳазор тести ташхисӣ барои омӯзиш оварда, онро  дастраси Озмоишгоҳи миллии референсӣ гардонид.

Бояд гуфт, ки давраи омӯзишии мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейфер бо мутахассисони  Озмоишгоҳи миллии референсӣ то 2 ноябр идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *