Наход то пагоҳ Толибон Кобулро гиранд?!

Ҷангҷӯён 50 километр дуртар аз пойтахти кишвар ҷойгир шудаанд

Ҷангҷӯёни гурӯҳи радикалии Толибон*, нерӯҳои худро ба Кобул партофтанд.

Дар ин бора ба РИА Новости раҳбари созмони башардӯстонаи итолиёии Pangea, ки дар Афғонистон кор мекунад, хабар дод.

Ба гуфти ӯ, ҷангҷӯён 50 километр дуртар аз пойтахти кишвар ҷойгир шудаанд.

Қаблан радикалҳо шаҳрро бидуни қувваи барқ монданд. Ва феълан Кобул дар ҳоли ногувор аст.

Намояндагони созмон наметавонанд аз субҳ бо ҳамкорони худ тамос гиранд.

«Мо хеле нигарон ҳастем, зеро Толибон* 50 километр дуртар аз Кобул ҷойгиранд. Субҳи имрӯз ноқилҳоро буриданд, шаҳр қариб дар канораҷӯӣ аз муносибот ҳаст», — гуфт манбаъ.

Нерӯҳои ҳукуматӣ шаҳракҳои Афғонистонро яке паси дигаре бо таслимшавӣ таҳти назорати ҷангиён мегузоранд.

Ба қавли коршиносон, бо ин роҳ мақомоти кишвар талош мекунанд, ки талафот ва харобиро пешгирӣ кунанд.

Ҳамзамон на дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои муқовимат бо Толибон* сарбозони кофӣ вуҷуд дорад.

Тибқи баъзе гузоришҳо, Толибон* 70% — и қаламрави Афғонистонро назорат мекунад — ин 20 вилоят аз 32 вилояти кишвар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *