Нахондаро «хонд» гуфту пул гирифт…

Тавре Агентии мубориза бо ҷинятҳои иқтисодӣ ва коорупсия хабар додааст, Яхшиев Дилшод Бахтиёрович дар вазифаи ҷонишини директори мактаби ронандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Самсун» кор карда истода, моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои ба номи писараш шаҳрванд “б” омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4650 сомонӣ талаб карда гирифт. Инчунин, Яхшиев Д.Б. бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “В” барои омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4700 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.”
Нисбат ба Яхшиев бар асоси моддаи 279, қисми 4, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “ришвадиҳии тиҷоратӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 90 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ) ё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *