Нахустин медалҳои тилоии Олимпиадаи Токио насиби чинидухтар ва ҷавонмарди 41 солаи иронӣ гардиданд

Варзишгари Чин Тсян Ян, рӯзи 24-уми июл пас аз пирӯзӣ бар Анастасия Галашина аз Русия дар финали сабқати тирандозӣ аз туфангча ба масофаи 10-метра миёни занон аввалин медали тиллои Олимпиадаи Токио-2020-ро ба даст овард.

Галашина мавқеи хубе барои ба даст овардани медали тилло дошт, аммо зери фишор шикаст хурд. «Ман аз ҳад зиёд асабонӣ шудам, ҳарчанд хеле худро нигоҳ доштам. Ҳушу ёдам дар ҷояш набуд», — гуфт Галашина.

Дар ҳамин ҳол, Ҷавод Форуғӣ варзишгари Эронӣ дар сабқати тирандоз аз таппончаи пневматикӣ миёни мардон дар масофаи 10 метр, ки аввалин медали тиллоро аз миёни варзишагрони Эрон дар ин ришта ба даст овард.

Форуғии 41-сола куҳансолтарин варзишгаре аст, ки медали олимпӣ ба даст овард. Қабл аз ӯ куҳансолтарин варзишагре, ки медали олимпӣ гирифт ҳамватани ӯ, вазнабардор Маҳмуд Номҷӯ буд, ки дар бозиҳои олимпии Мелбурн соли 1956 дар синни 38-солагӣ гузаштааст медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *