Нахустин муассисаи олии Тоҷикистон 90 — сола мешавад

Имсол аз таъсиси нахустин муассисаи таҳсилоти олии кишвар-Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 90 сол пур мешавад.

Дар ҳошияи ҷашни ин таълимгоҳи олӣ таъмири хати оби гарми  бинои факултети зооинжинерӣ, деворҳои ҳудуди варзишгоҳ,  намои хобгоҳҳо, иваз кардани бомпӯшҳои биноҳои ёрирасон идома доранд. Айни замон таъмири асосии намои бинои донишгоҳ аз ҷониби ширкати сохтмонӣ оғоз гардида, рӯзҳои наздик нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар саҳни бинои донишгоҳ гузошта мешавад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Усмон Маҳмадёрзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи  Шириншоҳ Шоҳтемур иттилоъ дод.

Ҳамчунин, ректор иброз дошт, ки хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи  Ёвон дар раванди таълиму тарбияи мутахассисони соҳа ҳамчун пойгоҳи гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои шиносоӣ, технологӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва амалисозии барномаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотию татбиқи дастовардҳои илмии олимони донишгоҳу дигар муассисаҳои илмӣ, навгониҳои технологии истеҳсолот ва татбиқи онҳо дар ин пойгоҳ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

«Дар 3 га замини КВТТ «Ҳисор» кишти гандуми тирамоҳии навъҳои интродуксияшудаи «Московский-39», «Московский-58» ва «Мироновский-808», ки аз Россия оварда шудааст, гузаронда шуд. Кишти пахтаи миёнанахи навъи «Султон» аз Ӯзбекистон оварда шуда, дар майдони 4 гa кишт карда шуд”,- гуфт ректор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *