Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Намоиши эътирозиӣ дар Хузистон

Рӯзи ҷумъа Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, ба дар суханронии худ ба эътирозгарон дар вилояти Хузистон гуфтааст, ки «баҳонае ба дасти душман» нашаванд.

Хузистони макони нафт дар ҷануби ғарби Эрон аст, вале сокинонаш аз моҳи марти имсол ба ин сӯ ба хотири хушксолӣ зиёни сахт дидаанд.

Хоманаӣ таъкид кардааст, ки камбуди об яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамзаон афзуд, «мардуми Хузистон ба хотири ибрози нохушнудияшон аз камбуди об ҷои маломат нестанд», аммо аз онҳо хост, то «эҳтиёткор бошанд ва баҳонае ба дасти душман» нашаванд.

Созмони Афви Байналмилалӣ ва Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин раванд нерӯҳои амниятии Эронро ба саркӯби норозиён муттаҳам карданд. Афви Байналмилалӣ гуфтааст, дар ин хушунатҳо 8 кас, аз ҷумла як ҷавон кушта шудаанд.

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид вазъи имрӯзаи Хузистонро «фоҷеаомез» хонд ва онро натиҷаи солҳои саҳлангорӣ ва бетаваҷҷӯҳии ҳукумати Эрон номид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.