Намозалӣ акнун 20 сол мегирад?

Тафтишот мегӯяд, ки Эмомалиев қаблан барои напардохтани алимент зиндонӣ шуда буд ва баъди раҳоӣ аз маҳбас бо модари духтари озордодааш издивоҷ карда бо ӯ соҳиби 2 фарзанд шуд.

РКД шаҳри Душанбе рӯзи 24 феврал хабар дод, ки баъди таҳқиқи шикоятҳои ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар моҳи январ роҳёфта тасдиқ гардид, ки Намозалӣ Эмомалиев барои озори духтарандари 10-солааш гумонбар мешавад ва ба ӯ акнун то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Шикоят аз бадрафторӣ нисбати ноболиғ моҳи январ аз забони модари кӯдак ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва корбарон бо таъкид ба ин ки зан ва кӯдак таҳти хатар ҳастанд, аз мақомоти ҳифзи қонун кӯмак хостанд. Тафтишот мегӯяд, ки Эмомалиев қаблан барои напардохтани алимент зиндонӣ шуда буд ва баъди раҳоӣ аз маҳбас бо модари духтари озордодааш издивоҷ карда бо ӯ соҳиби 2 фарзанд шуд. Ба гуфтаи милиса, кӯдаки озорёфта ҳоло бо ёрии равоншиносон таъмин шудааст.
Озори ҷинсии кӯдак аз назари қонун ва ҳам меъёрҳои ахлоқӣ ҷинояти сангин ба ҳисоб меравад ва ҳар як чунин ҳодиса мавриди баррасиву маҳкумияти шадиди аъзои ҷомеа қарор мегирад. Дар бисёр ҳолатҳо волидон содир шудани чунин бадрафторӣ нисбати фарзанди худро ба хотири гӯё аз бадномӣ ҳимоят кардани кӯдакашон пинҳон медоранд, вале ҳуқуқи кӯдак ва зарбаи ҷисмониву равонии дидаи ӯро нодида мегиранд.
Ба гуфти созмони «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар як соли охир 12 парвандаи таҷовуз ва дигар ҳаракатҳои бадахлоқона боз шудааст, ки дар онҳо кӯдакон қурбонии амалҳои шаҳвонӣ ё озори ҷинсӣ гаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *