Нархи сӯзишворӣ боз баланд шуд

Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Нархи гази моеъ ва бензину дизел (солярка) якбора ба 4, 3 ва 6, 6 сомонӣ дакка хурдааст. Дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон фурӯши газ 0, 30 сомонӣ ва бензину дизел то ба 0, 40 сомонӣ баланд шудааст.
Сокинон мегуянд, арзиши маводи сӯзишворӣ қариб дар ҳамаи навоҳии кишвар яксон боло рафтааст. Чунин болоравии нарх дар муқоиса ба гузашта камсобиқа гуфта мешавад.
Баъзе аз масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) болоравии арзиши маводи сӯхтро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ширкатҳои «Фароз», «Газпром», «Газойл», «Ориё», «Роҳи Сомон нафт», «Се ганҷ» ва «Суғднефт» аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *