Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Навалнаяро ҷарима карда озод намуданд

Суд дар Русия ҳамсари Алексей Навалний – Юлия Навалнаяро барои ширкат дар намоиши эътирозии иҷозатношуда ҷаримабадӣ кард. Навалная рӯзи 31-уми январ дар қатори даҳҳо нафари дигар дар раҳпаймоии эътирозӣ аз зиндонӣ шудани ҳамсараш иштирок кард. Суди Шербинскии шаҳри Маскав як рӯз баъди боздошти Навалная дар ҳукми худ аз 1-уми феврал гуфт, ки ин зан дар ҳаҷми 20 ҳазор рубл, муодили 265 доллар ҷаримабадӣ мешавад. Эътирози мардум 31-уми январ ба ҳукми ҳабси 30-рӯзаи ӯ рабт дорад. Дар шиорҳои мардум норизоӣ аз ҳукумати президент Владимир Путин ва фасоду паст будани сатҳи зиндагӣ садо дод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.