Низом Қосим: Шоирони мо шиоргӯянд

Низом Қосим, ки дар анҷумани 15 — и Иттифоқи нависандагон кори 5 — солаи ин ниҳодро натиҷагирӣ мекард, гуфт, ҷойи таассуф аст, ки ашъори зиёди иҷтимоию сиёсие, ки дар ин давра ба миён омаданд, аз ҳадди шиор фаротар нарафтанд .
“Махсусан дар асари шеърҳое, ки ба пешвои миллат, ваҳдат, истиқлолият, “Роғун” бахшида шудаанд умумигӯиву урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмулию забонзад зиёд ба назар мерасанд”,-таъкид кардааст ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин гуна шеърҳо маъниҳо тоза тасвирҳои хотирнишин ва нақши сувари хаёлро, ки таъминкуннадаи ассоии бадеияти шеъранд, камтар мебинем.
“Дар онҳо ғолибан матлабҳои мақолаву гузоришҳои рӯзмарра ба қолаби назм дароварда мешаванд, ки арзиши бадеӣ надоранд”,-афзуд раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Ӯ ҳамзамон зимни ҳисобот аз эҷоду навиштаҳои адибон таъкид карда, ки баъзе нависандагони мо соле як ё ду қиссаи нав эҷод кардаанд, аммо аксари ин асарҳа аз ҷиҳати забону баён ва мавзӯъ ноқиисиҳои зиёд доранд
Баъзе муаллифон маҳз ба хотири қисса навиштан ноҷо суханро кашол дода сужаҳои аз воҷеият дуру боварнокарданӣ меофаранд
Ҳақиқат ин аст, ки аксаран агар аз пайи жанри бузургтар намерафтанду сухани дилашонро мунтахаб мекарданд ба ҷойи қиссаи суст ба хонанда ҳикояи хубе пешниҳод мешуд.
Анҷумани понздаҳуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати беш аз 202 нафар аъзо ва дигар меҳмонон ҷараён дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.