Нобовар аз “Шамс” 50 сола шуд

Нобовар Чаноров 25 декабри соли 1970 дар ноҳияи Комсомолобод ба дунё омада, дар зодгоҳи волидонаш – деҳаи Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба воя расидааст. Нобовар мактаби №6-и Деҳрӯшон ва риштаи актёриву коргардонии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Ӯ соли 2000 гуруҳи “Шамс”-ро таъсис дод, ки яке аз машҳуртарин гуруҳҳои эстрадаи тоҷик ба шумор меравад. Ин гуруҳ асосан таронаҳои мардумиро дар қолаби эстрада иҷро мекунад. Таронаи “Ба лолазор”-и Нобовар Чаноров соли 2017 сазовори ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017″ шуд. “Ба лолазор”, “Ту гули лола”, “Бачагиям бекасу танҳо гузашт”, “Миҷгонсиёҳ” ва чандин тарона ба забонҳои Бадахшон аз ҷумлаи таронаҳои мондагорест, ки Нобовар ва гуруҳи “Шамс” иҷро кардаанд.
Нобовар Чаноров бо вуҷуди шуҳрату маҳбубияте, ки дорад, аз овозхонҳоест, ки ҳеҷ гоҳ ба ин шуҳраташ дода нашуд ва ҳамеша ҳамчун як инсони хоксор, самимӣ, хушсуҳбат ва ба хосу ом боқӣ мондааст. Мухлисони ӯ мегӯянд: Зодрӯз муборак Нобовар, ба ту боварӣ дорем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *