Нозири барқ 500 ҳазор сомониро аз худ кард

Оҷонсии зиди фасод нозири барқро бар он муттаҳам мекунад, ки пули истифодаи барқи соҳибкоронро на ба давлат, балки ба ҷайби худ задааст
Пуле, ки соҳибкорони ҷамъияти «Тоҷикматлубот» аз истифодаи неруи барқ пардохтаанд, нозири барқ азхуд кардааст, менависад дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод.

Тибқи иттилои манбаъ, мутахассиси техникӣ-барқчии ҶДММ «Тоҷикматлубот аз моҳи марти соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 ба тасарруфи маблағи ин корхона аз ҳисоби истифодаи неруи барқ муттаҳам дониста мешавад.
Номбурда аз соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, ки ба ҷамъияти мазкур дохил мешавад, беш аз 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ҷамъоварӣ намудааст.

«Маблағи 586116,67 сомонии ҷамъовардаро ба «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» пардохт накарда, ҳамаашро ба манфиати шахсӣ масраф намудааст», — мегӯяд манбаъ.

Оҷонсӣ меафзояд, аз рӯи ин далел нисбати нозири барқ бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, пас аз анҷоми тафтиш ба суд раона мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *