Нозири калон бо ришва ба даст афтид

Тавре Агентии зидди фасод хабар додааст, нозири калони Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии мақомоти адлия дар вилояти Суғд даст ба қаллобӣ задааст.
Ӯ бо истифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ қасди тасарруфи моли мулки ғайрро доштааст.
«Номбурда барои чораандешӣ накардан нисбати маҳкумшуда “А”, ки истеҳсолоти парвандаи назоратиаш ба зиммаи ӯ вогузор гардида, муҳлати иҷрои он ҳанӯз моҳи майи соли 2020 гузаштааст, моҳи декабри соли 2020 хешованди маҳкумшуда шаҳрванд “Б”-ро ба утоқии кориаш даъват намуда, маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Нозири калон бо мақсади амалӣ кардани нақшаи ҷиноятии худ бо шаҳрванд “Б” вохӯрда, аз охирон маблағи 1500 сомонӣ гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб кардааст.
Нозири калон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 3500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ амчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Нисбати гунаҳгор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *