Нуқраи Суннатниё 70-сола шуд

Нуқраи Суннатниё 24-уми сентябри соли 1950 дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1973 факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро ба итмом расонида, муддате дар кафедраи таърихи ҳамин ҷо кор кардааст.

Соли 1974 ба ноҳияи Қумсангир кўчида, дар мактаби миёна ба сифати муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик заҳмат кашидааст. Баъдан дар кумитаи ҳизбии ноҳияи Қумсангир вазифаҳои масъулро ба ҷо овардааст. Солҳои 1993-2015 мудири шуъбаи кадри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

https://tajikistantimes.com/literature_tj/nu-ra-sunnatniyo-to-ikiston/

Нисбатан кам навиштааст, вале он чӣ ба қалам овардааст, дорои сабки хос аст, андешаю мушоидаҳои беҳини бонуи эҷодкорро фаро гирифтаанд. На танҳо эҳсосоти шахсӣ, балки рўҳияю ҳолати ҳамнаслону ҳамзамононашро месарояд, анъораш саропо моломоли эҳтиросу хоҳишҳо ва коҳишҳост.

Бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ шудааст.

Таҳияи Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *