Нурсултон Назарбоев – Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбасӣ

Якуми декабр дар Қазоқистон Рӯзи Президенти аввалинро ҷашн мегиранд. Ин сана дар таърихи Қазоқистони муосир аҳамияти бузург дорад: 29 сол муқаддам дар ин рӯз Нурсултон Назарбоев аз ҷониби кулли мардум Президенти аввалини ҷумҳурӣ интихоб гардид ва кишвар таърихи навтарини худро оғоз намуд.

1 декабри соли 1991 дар Қазоқистон як ҳодисаи барои он замон ғайримуқаррарӣ – интихоботи умумимардумии Президенти ҷумҳурӣ рух дод. Номзади асосӣ Нурсултон Назарбоев буд, ки якчанд моҳ пеш аз интихобот – моҳи августи соли 1991 аз вазифаи Котиби аввали КМ Ҳизби коммунистии Қазоқистон истеъфо дода, ҷонибдори қатъи фаъолияти Кумита буданашро эълом дошт

Нурсултон Назарбоев дар ҷумҳурӣ ҷонибдорони зиёде дошт. Аз миёнаҳои солҳои 80-ум ҳамаи суханҳо ва қарорҳояш дар миёни сокинони Қазоқистони шӯравӣ маъруфияти ҳайратоваре касб карда буданд. Зиёда аз ин, Нурсултон Назарбоев шинохтатарин ва умедбахштарин роҳбар дар миёни ҳамаи роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.  Аз ин рӯ, вақте ки дар кишвар интихоботи президентӣ эълон гардид, шаҳрвандони Қазоқистон, аввалан нишондиҳандаи баландтарини ширкат (88,2%)-ро нишон доданд ва сониян, ба тарафдории Нурсултон Назарбоев 98,7% овоз доданд. Дар Қазоқистон Президенти аввалин пайдо шуд ва ин танҳо оғози роҳи наву душвор гардид. Дар мураккабтарин давраи таърихӣ, дар шароити суқути иқтисодиву сиёсии империяи шӯравӣ мардум тақдири худу ояндаи кишварро ба Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Абишевич Назарбоев бовар карду супорид.

Насли имрӯзаи қазоқистониён дар бобати он ки давлати ҷавони Қазоқистон баъзан дар рӯи кадом вартаҳо мувозинат барқарор мекард, тасаввуроти кам дорад. Аммо барои шахсоне, ки ҳар як рухдоди ин солҳоро аз ҷавшани ҷонашон гузаронидааанд, як ҳақиқати ногузир маълум аст: Қазоқистон тавонист, ки танҳо ба шарофати стратегияи оқилонаи давлатӣ, роҳбарияти чун пӯлод мустаҳкам, нуфузи бузурги Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбасӣ ва дастгирии комили оммаи мардум шикасти фоҷиавии он давронро паси сар кунад.

Имрӯз Қазоқистон кишвари боэътибор, соҳибэҳтиром ва кушода барои тамоми ҷаҳон мебошад, ки неруи азими иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, навоварӣ, зеҳнӣ ва маънавӣ дорад.

Ҳар як шаҳрванди Қазоқистон аз мардуму Ватани худ ва Пешвои зафарёраш воқеан ифтихор мекунад. Ин ифтихор барои дастовардҳои бузурги Қазоқистон аст, ки ҳар яки он бо кӯшиши зиёди Президенти аввалин ба даст омадааст. Пеш аз ҳама, Элбасӣ – созандаи намунаи (модели) муваффақи навсозии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Қазоқистони нав мебошад, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон онро “Роҳи қазоқистонӣ” меноманд. Ин намуна аз ҷониби Нурсултон Назарбоев дар заминаи омӯзиши амиқи таҷрибаи рушди муваффақонаи кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ ва омезиши мутаносиби он дар хоки Қазоқистон бо дарназардошти ҳувияти миллӣ таҳия шудааст. Чӣ тавре ки масири иборат аз ҳазорон фарсах аз қадами аввал оғоз мегардад, асоси намунаи қазоқистонӣ ҳам аз диди стратегии ҳамаҷониба санҷидашуда иборат аст.

Агар барои даврони ташаккули давлатдории кишвари саҳрои кабир Стратегияи “Қазоқистон-2030” таҳия ва аз рӯи аломатҳои асосӣ бармаҳал иҷро гардида бошад, пас дар даврони муосир, дар заминаи таҳлили тағйирёбиҳои дар ҷаҳон рухдиҳанда Нурсултон Назарбоев Стратегияи нави “2050”-ро пешниҳод намуд. Дурнамои миқёсии таърихии ин санад дастури асосӣ дар фаъолияти мақомоти давлатии ҳамаи сатҳҳо мебошад, худи ҳадафи ворид шудан ба шумори 30 давлати пешрафтатарини ҷаҳон — ҷаҳиши муҳиме дар ҷаҳонбинӣ, “орзуи қазоқистонӣ” гардид, ки миллионҳо қазоқистониёнро илҳом мебахшад.

Нурсултон Назарбоев илҳомбахш ва муаллифи чунин санадҳои муҳими ҳуқуқӣ ба монанди Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии давлатӣ, Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон” ва Конститутсияи амалкунандаи соли 1995 мебошад.

Ислоҳоти конститутсионӣ, ки бо дарназардошти тақозои замон ва рушди ҷомеаи қазоқистонӣ баргузор шуданд, Истиқлолияти Қазоқистонро боз ҳам тақвият бахшида, ба ҳама ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қудрати бештар доданд, ба шаффофгардии минбаъдаи ваҳдати умумиллӣ мусоидат намуданд. Конститутсияи имрӯза таҳкурсии боэътимоди ташаккул ва таҳкими ниҳодҳои президентӣ, ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, тамоми сохтори ҳуқуқии кишвар гардид, ки дар он низоми сиёсии нав, иқтисоди нав ва ҷомеаи нав бунёд гаштааст.

Рушди бонизом ва таҳкими принсипҳои конститутсионӣ бори дигар дар соли 2019 тасдиқи худро ёфт, замоне, ки Нурсултон Назарбоев ихтиёран аз мансаби баландтарин даст кашида, раёсати Ҳукуматро ба Президенти дувумини Қазоқистони мустақил Қосим-Жомарт Кемелевич Тоқаев дод. Ҳамин тариқ, иродаи фавқулода ва хиради беинтиҳои Элбасӣ зуҳур намуд, ки аз болои кӯшишҳои сиёсӣ ва шахшудаи як қатор нухбагони дохилӣ ба манфиати шукуфоии минбаъда ва суботи Қазоқистон қадам ниҳод.

Нурсултон Назарбоев оғоздиҳандаи шаклгирии парламентаризми қазоқистонӣ ва ташаккули Парлумони касбии дупалатагӣ дар асоси Конститутсия буд. Парлумони бисёрҳизбии Қазоқистон, санҷишҳои зиёдеро паси сар намуда, аз даъват то ба даъвати дигар таҷрибаи қонунгузорон ва намояндагони фаъолиятро рушд дода, имрӯз дар пешбурди кишвар ба ҷомеаи баробарҳуқуқҳо ва беҳтаринҳо саҳми назаррас мегузорад.

Элбасӣ такягоҳи боэътимоди Истиқлол — Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистонро таъсис дод.  Таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба масъалаҳои афзоиши қобилияти мудофиавӣ ва сиёсати берунаи сулҳҷӯёна — арзиши бузургтарини Ҷумҳурии Қазоқистон аст.

Мусаллам аст, ки барои Қазоқистон, ки бо ҳамсоягонаш қариб чордаҳ ҳазор километр марзи хушкӣ дорад, муҳимтарин масъала дар оғози Истиқлолият барасмиятдарории сарҳадҳои давлатӣ буд. Ин «гиреҳи тобхӯрда» ба шарофати маҳорати дипломатӣ ва дурандешии стратегии Нурсултон Назарбоев, ки марзҳои хориҷии Қазоқистонро ба марзҳои шикастнопазири сулҳ ва ҳамсоягии нек табдил дод, боз карда шуд. Ин амали бузурги Элбасӣ дар тӯли асрҳо пойдор мемонад ва барои тамоми наслҳои минбаъдаи Қазоқистон тӯҳфаи бебаҳост.

Майдони озмоишҳои ҳастаии Семипалатинск, ки дар сарзамини Абайи бузург, Шокарим, Мухтор Авезов ҷойгир шудааст, чӣ қадар кулфату бадбахтиҳоро ба сари мардуми Қазоқистон овард, фаромӯш кардан номумкин аст. Ба баста шудани ин иншооти муҳимтарини маҷмааи мудофиавии шӯравӣ сокинони Қазоқистон дар назди иродаи қавии сиёсии Нурсултон Назарбоев қарздор мемонанд. Ташаббусҳои ҷасурона дар амнияти ҷаҳонӣ, Манифести “Сулҳ. Асри XXI”, ки бо онҳо Президенти аввалини Қазоқистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард, вокуниши густардатаринеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амал овард ва Қазоқистонро дар радифи пештозони ҳаракати зиддиҳастаӣ гузошт.

Ба ҳама маълум аст, ки замони ба даст овардани Истиқлолият Қазоқистон на воҳиди пулии худӣ дошту на ҳазинаи пур. Таъсис ва ҷорӣ кардани пули миллӣ, бунёди  низомҳои ватании иқтисодӣ, буҷавӣ ва бонкӣ, ташаккули захираҳо барои наслҳои оянда, ки дар Бонки миллӣ ҷамъоварӣ гардидаанд, — ҳамаи ин ба шарофати хизмати таърихии Элбасӣ ба миён омадааст.

Бо ирода, неру ва орзуи деринаи Элбасӣ барои ояндаи наслҳои нав дар муҳлати кӯтоҳтарин дар дили АвруОсиё пойтахти нав – Остона бунёд гардид, ки соли 2019 ба шарафи Президенти аввалин Нур-Султон, – қулла ва рамзи орзую кӯшишҳои волои давлат, тавоноии созандаи мардуми мо, номида шуд. Маҳз пойтахти муосири Қазоқистон имрӯз иродаи тамоми миллатро ифода намуда ба ҷомеаи умумиҷаҳонӣ симои нави давлатро дар ҷаҳони нав муаррифӣ менамояд. Маҳз пойтахти муосири Қазоқистон имрӯз иродаи тамоми миллатро муттаҳид намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ симои давлати навро дар ҷаҳони нав муаррифӣ мекунад. Нур-Султон шаҳри фардо, пойтахти асри XXI, ифтихор ва муҳаббати тамоми қазоқистониён аст.

Барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи “Қазоқистон-2050” Нурсултон Назарбоев дар замонаш кишварро ба сӯи рушди босуръати саноатӣ ва инноватсионии модели иқтисодии худ роҳнамоӣ кард, ки дар доираи он дар саросари кишвар даҳҳо маҷмааи муосири истеҳсолӣ, фабрикаву корхонаҳо ба кор оғоз карданд. Дар кишвар автомобилҳои дар ҷаҳон машҳури ҷопонӣ, кореягӣ ва аврупоӣ, қатораҳои амрикоӣ истеҳсол карда мешуданд. Элбасӣ пайваста навсозии пай дар пай ва фаврии Қазоқистонро ҷонибдорӣ мекард, ки он бояд интиқоли миқёсан густардаи фанновариҳои пешрафта ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири сатҳи ҷаҳониро аз ҷониби коргоҳҳои мо таъмин менамуд.

Ин амалҳо ба рушди кишоварзӣ такони нав бахшид. Агар дар замони солҳои шӯравӣ “миллиарди қазоқистонӣ” аксари мавридҳо тавассути “ҷаҳду талошҳои  умумӣ барои ҳосил” ва изофанависиҳо ба даст меомад, пас, имрӯз ба шарофати ислоҳоти баргузоршуда дар соҳаи кишоварзӣ, Қазоқистон дилпурона 20-25 млн. тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, ба қатори содироткунандагони бузургтарини ғалла дар ҷаҳон ворид мешавад.

Бо тақозои сарнавишти таърихӣ Қазоқистон кишвари сермиллат буда, имрӯз намунаи олии сулҳу ризоият аст. Сиёсати мутаносиб дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо, ки бар баробарҳуқуқӣ ва озодӣ, қонеъгардонии ниёзҳои фарҳангӣ, забонӣ, маънавии ҳамаи халқиятҳо, инчунин баробарии қазоқистонӣ асос ёфтааст, тамоми мардуми Қазоқистонро таҳти гунбази баланду мустаҳками юрт – шанирақ ба ҳам овардааст. Такягоҳи тавонои дӯстӣ — ниҳоди беназир — Ассамблеяи мардуми Қазоқистон аст, ки бо ташаббусу роҳбарии Элбасӣ таъсис ёфта, дорои мақоми олии конститутсионӣ мебошад. Таҷрибаи ассамблея аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонии коршиносӣ ва сиёсӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Маълум аст, ки аксарияти ҷангҳо дар таърихи инсоният хусусияти диниву мазҳабӣ дошта, ҳадафи роҳандозии ҳукмронӣ ва волоияти яке аз динҳоро пайгирӣ мекарданд. Маҳз бо  ташаббуси Президенти аввалин барои ҳар як сокини Қазоқистон озодии виҷдону эътиқод таъмин гардид. Ғайр аз ин, дар сарзамини куҳанбунёди қазоқ аллакай шаш маротиба анҷуманҳои роҳбарони ҷаҳонӣ ва анъанавии динҳо ­ баргузор гаштанд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини тартиботи ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, ширкаткунандагони сипосгузори онҳо барои Қазоқистон баракату ободӣ хостаанд.  

Нурсултон Назарбоев, ки анъанаҳои мардумӣ ва арзишҳои бузурги фарҳанги миллии қазоқро аз хурдӣ медонист, ташаббускори таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии «Мəденимұра» (Мероси фарҳангӣ) ва «Рұханижаңғыру» (Эҳёи маънавӣ) буд, ки анъанаҳои бойи мардуми қазоқро аз замонҳои қадим то имрӯз ба низом дароварданд. Бо ҳамоҳангсозии арзишҳои миллӣ ва тамоюлҳои пешрафтатарини раванди фарҳангии ҷаҳонӣ, дар пойтахти Қазоқистон — Нур-Султон, чунин иншооти фарқкунанда, ба монанди Кохи Истиқлол, Қасри сулҳ ва ризоят, Толори марказии консертии «Қазоқистон», театрҳои «Остона Опера», «Остона Балет», Китобхонаи миллӣ, Бойгонии миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва ғайра бунёд гардиданд. Ҳамаи ин фарҳанги Қазоқистони навро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард.

Дар солҳои Истиқлолияти фазои иттилоотии худӣ таъсис дода шуд, ки дар он зиёда аз ду ҳазор расонаҳо фаъолият мекунанд. Технологияи рақамӣ ба таври густарда истифода мешавад. Бинандаи қазоқистонӣ, ки дар замони шӯравӣ танҳо як шабакаи ягонаро тамошо мекард, имрӯз метавонад аз миёни беш аз 70 шабакаи ватанӣ барномаҳо интихоб кунад. Интернет, шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Твиттер ва ғайраҳо барои қазоқистониён воқеияти ҳаррӯза гардидаанд. Ҳамин тариқ, Қазоқистон имрӯз комилан ба фазои ҷаҳонии иттилоотӣ ворид шудааст.

Ба туфайли таваҷҷуҳи пайвастаи Элбасӣ ҳудуди истифодаи забони қазоқӣ, ки таҳти партави Истиқлолият мақоми давлатиро гирифта буд, густариш ёфт. Ба ҷои шашсад мактаби басташудаи таълимаш ба забони қазоқӣ дар даврони шӯравӣ, наздики ҳазор мактаб ифтитоҳ гардида, зиёда аз 70% муассисаҳои маориф ба барномаҳои таълим ба забони қазоқӣ гузаштанд. Санадҳои барномавии рушди забонҳо қабул ва зарурати гузариши муттасил ва оқилона ба забони лотинӣ нишон дода шуд.

Рушди илму маориф дар маркази таваҷҷуҳи давлат аст. Дар давоми солҳои Истиқлолият зиёда аз 500 мактаб ба биноҳои наву муосир кӯчиданд. Муассисаҳои таълимии сатҳи ҷаҳонӣ – Донишгоҳи Назарбоев дар пойтахт ва зиёда аз 20 мактабҳои зеҳнии Назарбоев дар тамоми минтақаҳои кишвар таъсис дода шуданд. Тибқи Барномаи президентии “Болашак” зиёда аз даҳ ҳазор қазоқистониёни ҷавон таълими воло гирифтанд, ки феълан барои шукуфоии Қазоқистони имрӯзу фардо фаъолият мекунанд.

Соҳаи тандурустӣ низ рушди назаррас кард, ки бо дар дарназардошти таконҳои имрӯзаи алоқаманд бо бемории сироятии коронавирус (СOVID-19), самаранокии худро дар мубориза бо ин балои ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Дар чаҳорчӯби барномаи маҷмӯии дастгирии низоми тандурустӣ аллакай зиёда аз садҳо шифохонаву дармонгоҳҳо бунёд шудаанд. Дар Нур-Султон Холдинги миллии тиббӣ бунёд гардид, ки бо таҷҳизоти муосиртарини тиббӣ муҷаҳҳаз буда ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯст ва ба он Маркази ҷумҳуриявии ташхис, Маркази миллии илмии модару кӯдак, Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилӣ, Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшии кӯдакон, Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии асаб ва Маркази миллии илмии ҷарроҳии дил дохил мешаванд.

Дар арсаи байналмилалӣ Президенти аввалини Қазоқистон дар миёни роҳбарони давлатҳои хориҷӣ барҳақ соҳиби эътибору эҳтироми баланд аст. Ӯ яке аз ташаббусгарони таъсиси сохтори дар тамоми ҷаҳон бонуфузи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Имрӯз ба СҲШ кишварҳои пешрафта бо иқтисоди тавонои сол то сол афзоишкунанда ва вазни сиёсӣ, ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон шомиланд. Ин аст саҳми назарраси Элбасӣ дар нигоҳдории амният ва суботи ҷаҳонӣ.

Идеяҳои Президенти аввалини Қазоқистонро дар бобати халъи силоҳи ҳастаии ҷаҳонӣ, мубориза бо ифротгаройӣ ва терроризм, ташаккули минтақаи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, кӯшишҳои сулҳҷӯёнаи Қазоқистон оид ба оташбаси миёни тарафҳои даргир дар Сурия алоҳида хотирнишон бояд кард.

Дар ин росто, комилан табиист, ки маҳз Қазоқистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин давлате гардид, узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ интихоб шуд. Амалигардонии иқдомҳои сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Нурсултон Назарбоев манзараи муосири ҷаҳонро ба ҳар гунае тағйир медод ва тағйир медиҳад.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки бо иштироки фаъолонаи Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон даъват шудааст, низ устувории худро исбот кард. МҲБТО, ки дар ибтидо танҳо аз Қазоқистон, Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иборат буд, имрӯз аз он 27 давлат, аз ҷумла Россия, Чин, Ҳиндустон ва 8 кишвари нозир, аз ҷумла ИМА ва Ҷопон намояндагӣ мекунанд. Машварат, ки шабеҳи  САҲА дар Осиё аст, имрӯз ба як механизми таъсирбахши ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва ҳалли масъалаҳои мубрами қораи Осиё табдил ёфт.

Маҳз Элбасӣ буд, ки Қазоқистонро ба сафи аввали саҳнаи сиёсати Аврупо баровард ва бо ин қудрат ва нуфузи мардуми моро тақвият бахшид. Раёсати Қазоқистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки Иёлоти Муттаҳида, Канада ва 56 кишвари дигари дунёро муттаҳид мекунад, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мафҳуми наверо бо номи «Рӯҳи Остона» — рӯҳияи олии сулҳ, некӣ ва ҳамоҳангӣ овард.

Тантанаи дигари Пешвои Қазоқистон, ки ҳамеша сиёсати хориҷии мутавозин прагматикӣ ва бисёрвекториро пеш мебарад, раёсат дар Конфронси исломӣ буд, ки 57 кишвари дунёро бо 1,5 миллиард аҳолӣ муттаҳид мекунад. Раёсати чунин як созмони бонуфуз далели равшани нуфузи волои Элбасӣ дар ҷаҳони ислом гардид.

Дар тӯли асрҳо мардумони турк неруи ҳамоҳангсози қитъаи Авруосиё буданд. Ҳарчанд зеҳнҳои намоён дар ин бора садсолаҳо орзу мекарданд, идеяи ҳамгироии АвруОсиё таҷассуми воқеии худро пайдо карда натавонист. Он шахсе, ки дар соли 1994 ба ғояи ҳамгироии АвруОсиё нафаси тоза бахшид ва барои роҳандозии он дар тӯли 20 сол собитқадамона ва пайваста кор кард, шахсе, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки Қазоқистон, Россия ва Беларус таъсис дода буданд, ба пурқудраттарин иттиҳодияи иқтисодии фазои пасошӯравӣ табдил дод — Пешвои Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мебошад.

Элбасӣ, ки пайваста барои болобарии рақобатпазирии халқаш талош меварзад, ҳуқуқи баргузор кардани намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2017-ро дар Остонаи онвақта ба даст овард, ки дар ин намоишгоҳ дастовардҳои навтарини илм, фанноварӣ ва истеҳсолот муаррифӣ мегардиданд. Татбиқи бомуваффақияти ин рисолати олӣ аз ҷониби пойтахти ҷавони Қазоқистон далели равшани баҳои баланди комёбиҳо ва иқтидори имрӯзаи Қазоқистон, инчунин, нишондиҳандаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ояндаи шукуфони кишвар мебошад.

Бузургтарин арзиши ҳар кишвар мардуми он аст. Агар мардуми қазоқ намебуд, чунин кишваре ба монанди Қазоқистон ва чунин Пешвое мисли Нурсултон Назарбоев набуд, ки Ватанашро дар тамоми ҷаҳон машҳур кард. Имрӯз зиёда аз 130 миллату халқиятҳо дар атрофи миллати давлатсоз муттаҳид шуда, дар сулҳу ризоят,  некуаҳволӣ ва ваҳдат зиндагонӣ мекунанд. Ин ҳам яке аз дастовардҳои муҳимтарини Истиқлоли Қазоқистон аст.

Имрӯз мардуми Қазоқистон дар замонаи пур аз рӯйдоду ҳодисаҳо, қаҳрамониву дастовардҳои миллӣ зиндагӣ ба сар мебарад.

 “Пӯлод дар оташ ва баҳодур дар набард обутоб меёбанд” – мегӯяд масали қазоқӣ. Ҳамаи фаъолияти Элбасӣ, ки аз оғози наврасӣ дар муҳити пӯлоди сӯзон обутоб ёфтааст, — намунаи волотарини хизмати фидокорона ба мардуми худ аст.

Барои комёбиҳои бузург ва дастовардҳо ҷоннисорӣ мебояд кард.

Маҳз дар ин росто, ҳамаи қазоқистониён бо Пешвои худ ба таври арзанда ифтихор мекунанд, зеро ӯ мардуми худро ба қуллаи шуҳрати ҷаҳонӣ расонидааст. Имрӯз ин роҳбарии хориқулоддаро ҳамаи ҷаҳон эътироф кардааст.

Воқеан, падидаи Элбасӣ — падидаи тамоми мардуми Қазоқистон аст.

МУҲТАРАМ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН!

10 январи соли 2021 аз соати 07:00 то соати 20:00 бо вақти Душанбе дар қитъаи интихоботии № 272 дар назди Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, ҳ. 31/1) овоздиҳӣ дар интихоботи навбатии вакилони Мажилиси Парлумони Чумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.

Барои воридшавӣ ба рӯйхати интихобкунандагон ба шумо лозим аст, ки маълумоти худро (ному насаб, санаи таваллуд, РМА, суроғаи ҷойи зист, рақами телефон барои тамос) ба суроғаи электронии [email protected] бо ёддошти «Выборы-2021» ирсол намоед. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед бо телефони +992-372 221-89-40 тамос гиред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *