Оғози парвандаи ҷиноятӣ пас аз канда шудану афтодани лифт дар “Меҳмонхонаи Президент»

Баъди садамаи лифт дар “Меҳмонхонаи Президент» дар Якиманкаи Калон (Большая Якиманка) дар маркази Маскав муфаттишон бар асоси моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Дар ин бора Юлия Иванова, намояндаи идораи марказии Кумитаи тафтишотии Русия дар пойтахт ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

«Аз рӯи далели ҳолати фавқулодда тибқи моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё фурӯши молу маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд) парванда боз шудааст,- иқтибос овардааст суханони ӯро “ТАСС”.

Бино ба иттилои Kp.ru, дар “Меҳмонхонаи Президент» дар Якиманкаи Калон кабинаи лифт аз баландии ошёнаи ҳафтум сарозер шудааст, ки дар он лаҳза ду коргар ҳузур доштаанду ҳарду ҷон бохтаанд.

Сабабҳои садама ҳанӯз мушаххас нашудааст. Тибқи фарзияи пешакӣ, нақзи техникаи бехатарӣ боиси фоҷеа шудааст. Додситонии Маскав дар ин маврид санҷиш оғоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *