Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Оҳ, заминҷунбӣ, заминҷунбие 4 кӯдакро куҷо бурдӣ?

Оҳ, заминҷунбӣ, заминҷунбие 4 кӯдакро куҷо бурдӣ?
Аз заминҷунбие, ки субҳи рӯзи 10 июл Тоҷикистонро такон дод, беш аз ҳама ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт хисорот диданд. Пас аз сипарии чор соат аз заминҷунбии шадид дар Тоҷикистон то ҳанӯз дар мавриди талафоти ҷонӣ омори яксон мавҷуд нест. Вале, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ҳалокати 4 кӯдак хабар медиҳад.
Бо иттилооти Sputnik дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз заминҷунбии даҳшатбор дар Тоҷикистон роҳ ёфтаанд.
Ин офати табиӣ субҳи имрӯз, 10 июл, тахминан соати 7:15 дақиқа рух дод. Маркази он наздикиҳои ноҳияи Рашт гуфта мешавад.
Дар мавриди қурбониёни заминҷунбии шадиди Тоҷикистон маълумоти нав пайдо шуд ва онро дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода нашр намуд.
Чи тавре, ки манбаъ хабар медиҳад офати табиӣ дар Тоҷикистон ҷони 4 кӯдакро рабудааст. Қаблан котиботи роҳбари давлат аз марги 4 нафар хабар дод ва зикр намуд, ки миёни ҷонбохтагон 2 кӯдак низ қарор доштанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.