Оҳангсози тоҷик се албоми худро муаррифӣ кард

Ҳусейн Изатуллоев, сароянда ва оҳангсози тоҷик се албоми ҷадиди худро манзури мухлисон гардонид. Дар ин бора, ӯ тариқи сафҳаи расмии фейсбукиаш иттилоъ дод.

Тавре гуфта мешавад, албоми нахустин “Фалак” ном дошта, барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки мусиқии шарқро дӯст медоранд. Ин албом фарогири 15 композитсия буда, давоми солҳои 2000-2020 рӯи кор омадааст. Дар ин албом асбобҳои мусиқии гитор, сетор, дудук, флейта, дойра, даф, ғижжак, соз, таблак, кобиз гирд оварда шудаанд.

Албоми дигар “Lunar Piano” унвон дошта, барои дӯстдорони савту навои мусиқии пианино пешбинӣ шудааст. Ин албом ҳанӯз соли 2020-ум таҳия гашта буд.

Албоми охирон “Эхо Души” ном гирифта, шеърҳои Анӯша, рубоиҳои Хайём, ғазалҳои Лоиқ, Озарахш,Ҷамшеди Маҳкампурро дар қироати Ҳусейн Изатуллоев фаро мегирад.

Ёдрас мешавем, ки ҳар се албом дар платформаи Spotifi, Apple Music, Shazam, Itunes, Amazon, Deezer, Yandex Music, YouTube ва ғайра дастраси дӯстдорони савту навост.
Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *