Об-сарчашмаи ҳаёт

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд.

Имрӯз масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин асос мавқеъгирии ҳамгироёна нисбат ба масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар барномаи истеҳсолоти бахши оби Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016 – 2025 пешбинӣ карда шудааст.

Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад.

Маззаи оби соф нишонаи зиндагӣ аст. Дар ҳақиқат об манбаъ ва сарчашмаи ҳаёти нафақат инсон, балки тамоми мавҷудот мебошад.

Об яке аз неъматҳои Офаридгор бар тамоми махлуқот мебошад. Агар ба маълумоти мутахассисон назар кунем, дармеёбем, ки имрӯзҳо қариб 1 миллиард мардуми сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд, 2,6 миллиард сокинони сайёра дар шароити ғайристандартӣ зиндагӣ мекунанд. Дар бештар аз 80 мамлакати ҷаҳон барои таъмини аҳолӣ об намерасад. Аз рӯйи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то солҳои 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Ҳама ин маълумот қадрдонии об ва неъмат будани онро ба шуури мусалмон водор мекунад, то онро сарфакорона истифода барад.

Илми имрӯза низ исботи онро мекунад, ки ҳаёт дар рӯйи замин бе об вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ҳаёти башарият бо об вобастагӣ дорад. Бояд фаромӯш накунем, ки дар вуҷуд ва ҳастии тамоми ҷонварони зинда об таркиб гирифтааст. Навад дарсади ҷонварони зиндаи оламро об ташкил медиҳад. Маълум аст, ки об сарчашмаи ҳаёт буда, мо ба он ҳамон миқдоре эҳтиёҷ дорем, ки ба рӯшноӣ, ҳавои тоза ва хӯрок дорем.

Агар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки санаи 22-юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид, назар кунем, дар он омадааст: «Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад».

Тозагӣ, озодагӣ, бошад зи об,

Гулситону бӯстон нозад зи об.

Об як муъҷизаи Парвардигор,

Ҳаст дунёро зи ӯ нақшу нигор.

Таъминоти инсоният бо оби нӯшокӣ торафт ба мушкилоти рақами як табдил меёбад. Бар замми ин, гармшавии сайёра ва дигар офатҳои табиӣ мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаро боз ҳам афзун мегардонанд. Чуноне ки дар мақолаи мазкур Президенти кишвар қайд намудаанд: «…Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳол зиёда аз 844 миллион нафар одамон дар рӯйи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд. нафар одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисидошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд. мерасад.

Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000 – 2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад, 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохтори гуногуни хоҷагии халқ мебошад».

Об бошад гавҳари кимматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Модоме ки обро асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам медонем, пас вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда ҳифз намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад.

Худои таъоло тамоми мавҷудоти зиндаи рӯйи заминро, ки асли онҳо об будааст, бе ҳикмат наофарид. Обро неъмати бебаҳо ва ганҷи ройгон меноманд. Аз ин рӯ, обро манбаи ҳаёт мегӯем, зеро ҳар ҷое, ки об ҳаст, он ҷо ободиву осудагӣ бардавом аст.

Об манбаи ҳамаи мавҷудоти олам аст. Захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву обод ва баракоту зебоӣ аз об вобаста аст.

Тамоми мардуми шодоби олам ташна мемиранд,

Барои ҳар кафи оби равон шукрона бояд кард.

Умаров Искандаршо муовини ректори ДИТ оид ба тарбия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *