Обу ҳавои ин шабу рӯз

Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад,ки , имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона  2-7   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  3-8 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа  гарм  мешавад.

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва  барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Обу ҳавои Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 3 дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  3+5 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *